Вохӯри бо ҷамоат

ДАВРИ НАВБАТИИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶӮРА РАҲМОНОВ

print
Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода даври дуюми қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳот идома дорад.
Имрӯз қабули сайёри шаҳрвандон дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов баргузор шуд.
Сокинони деҳот ба раиси шаҳр вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдони варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, бунёди боғ, инчунин таъмини сутунпояҳо барои хатти интқоли барқ, кӯмаки моддӣ ба ниёзмандон ва мусоидат ҷиҳати таъсиси хоҷагии деҳқонии инрфиродӣ муроҷиат намуданд.
Дар фарчом ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳот супориш дода шуд, ки муроҷиати сокинон тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Тибқи маълумоти масъулини ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов дар даври якуми қабули сайёр аз ҷонби 9 нафар сокинон ба раиси шаҳр муроҷиат шуда, 7 муроҷиат қонеъ гардида, 2 масъалаи дигар мавриди баррасӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбанд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *