Нуқтаи назар

ҶАҲОНИ ИСЛОМ: ҒАСБИ ДИНӢ ДАР ФАЗОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

print
Ҷомеаи навини мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи кунунии рушд бо мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Аз як тараф экстремизми динӣ бо идеологияи тахрибкоронааш аз тарафи дигар бошад, ғасби фарҳанги динӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ, нисбати Тоҷикистон инкишоф ёфта истодааст. Аслан ин раванди ғасби динии фарҳанги ҷараёнҳои ифротӣ, ки як қатори онҳо аз тарафи баъзе кишварҳо бо роҳи осоишта ва мутамаддин дар асоси шартномаҳои тарафайн амалӣ нашуда, балки бо роҳи моҷароҷуёна пиёда шуда истодааст, ки сатҳи бархурдҳои иҷтимоӣ- мазҳабӣ ҷомеаи моро тезонида истодааст. Асоси тарғиби динии ҷараёниҳои исломиро асосан равияҳои динӣ – экстремистӣ ба монанди «Ваҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати ансоруллоҳ» ва ғайраҳо ташкил медиҳад. Дар байни равияҳои экстремистии зикршуда, “Салафия” дар таблиғи ақидаҳои ифротиаш хеле фаъол мебошад, ки аз сатҳи мазҳабӣ сар карда то сатҳи либоспушии фарҳанги бегона аз ҷумла арабӣ идома меёбад. Муҳақиқи рус И.Сафранчук вобаста ба ин масъала як нуқтаи ҷолиберо қайд мекунад, ки боиси дастгирист. Ӯменависад, ки “мо араб нестем, арабҳо мо нестанд. Даҳсолаи наздик тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ба ғасби сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳои Шарқи Миёна рӯ ба рӯ мешаванд. Арабҳо на камтар аз кишварҳои Ғарб ба забти фазои геопалитики кишварҳои Осиёи Миёна манфиятдор мебошанд”. Воситаи таъсирасонӣ ба фазои фарҳанги мо чи тавре, ки мушоҳида мешавад бо ҳар роҳу воситаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин омил ба сатҳи таҳамулпазирӣ дар ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Солҳои пеш мушоҳида мешуд, ки либосҳои ба монанди сатр ва ҳиҷоб аслан дар хонадон ва оилаҳои муллоҳо ба бар карда мешуданд. Лекин аз нимаи 2-юми солҳои 2000-ум ин зуҳурот руҳияи оммавӣ касб намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи вазъи динӣ дар Тоҷикистон хеле боло рафтааст. Нигаронкунанда аст, ки инкишофи вазъияти динӣ дар Тоҷикистон ботинӣ ва моҳиятан набуда, балки сатҳӣ мебошад. Ҷавонони мо дониши кам ва ҷаҳонбинии пасти маъвизаҳои як қатор аъзоёни гурӯҳҳои экстремистӣ ва муллоҳои анъанавии моро шунида, хоҳарон ва ҳатто модарони худро маҷбур менамояд, ки аз либоси анъанавии дар мазҳабӣ ҳанафия қабулшуда, яъне руймолҳо даст кашида ба ҳиҷоб ва сатр, ки дар фарҳанги динии кишварҳои арабӣ ва Эрон истифода мешаванд, руй биёранд. Барои духтарон риояи либоси исломӣ дар шакли сатру ҳиҷоб ба яктақлидкории холис табдил ёфтааст. Онҳо аксаран ба либосҳои духташон туркию арабӣ тақлид мекунанд ва ба либосҳои динӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асосёфтаро нодида мегиранд ё умуман эътироф намекунанд. Душвории аслӣ дар он аст, ки мо аз як тараф ба бегонапарастии фарҳангӣ мубориза мебарем. Ҳатто дар сатҳи давлати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд баромадҳояшон ба ин масъала равшании амиқ доданд, ки бояд роҳи ҳаллашро меёфт, аммо аз тарафи дигар ҳаст тоҷироне, ки манфиати иқтисодиашонро аз манфиати миллӣ боло гузошта, чунин молҳои барои фарҳанги миллии мо бегонаро ворид менамоянд. Масъалаи либоси динӣ, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар доираи фарҳанги миллии солҳои охир хеле мубрам шуда истодааст, ки бешубҳа ба бехатарии фарҳанги миллию-динии мо халал ворид менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қишри фарҳанги либосипушии мазҳабӣ аҳолии мо ба фарҳанги либоспушии арабҳо тақлид мекунанд. Тақлид ба анъанаи либоспушии кишварҳои арабӣ ба фарҳанги миллии мо ба фикри мо таъсири хуб намерасонад. Фарҳанги либоспушии кишварҳои араб фарҳанги миллии тоҷиконро танг карда истодааст. Анъанаи динӣ таълим медиҳад, ки ҳар як инсон мутобиқ ба шариат либос ба бар намояд. Дар китоби Қуръон сураи “Нур” ин масъала омадааст ва ин ақидаи мустақили фақеҳон ва олимони соҳаи дин нест, лекин масъалаи асосӣ дар он аст,ки дар масъалаи сатру ҳиҷоб як қатор шаҳрвандон ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Табиист, ки аксар мусулмонони Тоҷикистон масъалаи пурра пушонидани сару гардану рӯй ва ба бар кардани либоси пурра сиёҳро дастгирӣ намекунанд. Дини ислом ҳам пурра маҳкам кардани сару рӯйро барои зани мусалмон зарур намешуморад. Масалан то солҳои наздик модарон ва бибиён дар рустоҳо (деҳаҳо) либосҳои миллӣ сару либосҳое ба бар мекрданд, ки ба талаботҳои дини ислом ва фарҳанги миллӣ ҷавобгӯ буданд. Инчунин он сарпушҳои, ки бибиён ва модарони мо дар гузашта ва замони муосир ба бар мекунанд ба шариати исломӣ мухолифат намекунад.
Ғасби динӣ омили сиёсие мебошад, ки давлати алоҳида имкониятҳои иқтисодии худро васеъ намуда, дар ҳудудҳои нави ҷуғрофӣ қудрати сиёсӣ ва динии худро пойдор менамояд. Ғасби динӣ зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҷанбаҳои ақлонӣ ва ғайриақлониро дар бар мегирад. Асоси ақлонии онро мубориза барои фазои ҳаётан муҳими зиндагӣ ва аз худ кардани ҳудудҳои нав ташкил медиҳад. Ғасб ҳамчун категория ва қисмати универсалии раванди таърихӣ ифодакунандаи ҷанбаҳои бунёдии воқеъияти объективӣ мебошад. Объекти ғасби динӣ ҷаҳони ботинии инсон, ҷомеа ва дар маҷмӯъ давлат ба ҳисоб меравад. Асоси ғайриақлонии ин зуҳуротро идеяи динии ҳукмфармо ва идеяи метафизикии мубраму норавшан ташкил медиҳад, ки дар воқеъияти нави геопалитикии ҷаҳон амалишавии худро талаб менамоянд. Пиёдакунандагони ин нақшаҳои динӣ-мазҳабӣ гуруҳҳои динӣ- экстремистӣ ба монанди салафия, ҳизб-ут-таҳрир, ансоруллоҳ ва ғайраҳо мебошанд, ки аз пушташон қудратҳои бузурги сиёсию-иқтисодӣ намоён мебошанд.
Барои пайравони равияҳои динӣ-экстремистӣ ҳокимият объекте мебошад, ки бояд ба он мубориза баранд ва дар ҷои он ҳокимият модели динии давлатдории иртиҷоии худро пойдор намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки озодии фундаменталии инсонро, ки дар тамоми конвенсияҳои СММ қайд шудааст, ба фоидаи худ истифода бурда, дар дохили давлати соҳибистиқлол давлати динии худро дошта бошанд ва берун аз қонунҳои амалкунандаи давлат рафтор намуда, худашон шоҳу таъбашон вазир бошад. Фалсафаи иҷтимоӣ таълим медиҳад, ки ихтиёр, ирода ва хоҳиши инсон ба сохтори иҷтимоии ҷомеа рост намеояд, давлат вазифадор аст, ки дар чаҳорчубаи қонун ихтиёру хоҳиши ифротии инсонро хомуш намояд, ки ба дигар аъзоёни ҷомеа зарар нарасонад. Масалан як муллои чаласавод мехоҳад, ки имрӯз дар деҳаи дурдасти Тоҷикистон як духтари 9-соларо ба зани гирад ва ба ин воситаи авзои таҳамулпазири деҳаро вайрон намояд. Дар ин маврид давлате, ки тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро имзо кардааст ва худро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони меҳисобад метавонад, ки бетараф бошад? Албата не. Қайд кардан зарур аст, ки ихтиёру хоҳиши гуруҳҳои динӣ -экстремистӣ ба монанди салафия, ансоруллоҳ, ҳизб-ут-таҳрир, ки мақсади асосиашон ғасби динию мазҳабист ба он равона шудааст, ки иродаву хоҳиши ҷавонони моро шикаста ғасби динию-мазҳабиро ба сари онҳо бор намоянд.
Якчанд омиле ҳаст, ки ҷавонони тоҷик вориди ҳаракати террористии “Салафия” гашта, бо роҳҳои қочоқ барои ширкат дар “Ҷиҳодҳои шайтонӣ” тавассути гумоштаҳои ташкилот ва дастгоҳҳои ифротгароӣ ба Сурия, Урдан ва Ироқу Афғонистон ирсол карда мешаванд:
-Воизони мубаллиғ ва миссионерҳои дуруғзан, ки масъалаи “Ҷиҳоди исломӣ”-ро ғаразнок ва дар асоси принсипҳои террористон шарҳу тавзеҳ медиҳанд;
-Пурқувват будани таълимоти ақидаи террористии ифротгароӣ ва бемазҳабӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ дар ҷомеа ва бепосух мондани дасисаҳои онҳо аз ҷониби уламои исломии Тоҷикистон;
-Таблиғу ташвиқи идеология ва ғояҳои террористӣ, иртиҷоӣ ва экстремистӣ аз номи “Қуръон ва Суннат” тавассути дастгоҳ ва ташкилотҳои ифротгароии “Салафия”, “Байъат” ва “Ансоруллоҳ”;
-Ба таври ғайрирасмӣ тавассути гумошта ва дигар сарчашмаҳои махфӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои ифротгароӣ ба аъзоёни такфирӣ ва ҷиҳодии Салафия;
-Бетарафии муаллимон, устодон, мулло ва шахсиятҳои динӣ, ки нисбат ба кирдор ва рафторҳои зидди исломӣ ва зидди қонуни аъзоёни ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ.
ОСТОНАЗОДА Сайдамин-аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *