Хабарҳо

ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ БА СОКИНОНИ ДЕҲАИ КАДУЧӢ

print
Имрӯз сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода дар баробари таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ таъмин гардидани сокинони деҳаро бо оби нӯшокӣ низ дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.
Намояндагони роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ иштирок намуда, муовини раиси шаҳр Ҳамдам Долизода табрикоти раиси шаҳриТурсунзодаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикристон ба аҳолии маҳал расонида, барои кори дастаҷамъона ҷиҳати кашидани хати оби нӯшокӣ миннатдорӣ намуданд.
Сокини деҳаи Кадучӣ Эшов Аҳмадҷон иброз дошт, ки масофаи хати об давоми ду моҳи охир тариқи ҳашари дастаҷамъона аз пояи кӯҳ то деҳа кашида шуд, ки масофаи он тақриби 5 км мебошад.
-Дар ин кори муҳим ва хайр барои дастгирӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ташкилоти байналмилалӣ миннатдории сокинони аҳолӣ расонида мешавад,-илова намуд Эшов Аҳмадҷон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *