Маориф Хабарҳо

ИДОМАИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ БОҒИ ИРАМ

print
Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои созанда, хусусан дар самти маориф бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ муташаккилона идома дорад.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов дар назди МТМУ 25 мавқеъ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри ТУрсунзода сохтмони бинои нави дуқабатаи таълимӣ, ки дорои 17 синфхонаи барҳаво мебошад, дар ҷараён аст. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов ду сол қабл дар назди муассисаи мазкур бинои нави таълимии дорои 10 синфхона сохта, мавриди баҳрабардории насли наврас вогузор гардид.
Имрӯз муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода аз рафти корҳо дар сохтмони бинои таълимӣ шинос шуд. Аз ҷониби сотмончиён иттилоъ дода шуд, ки корҳои хиштчинӣ дар ошёнаи дуюми бино идома дошта, дару тирезаҳои ошёнаи якум омода ва рӯзҳои наздик насб карда мешаванд.
Дар идома миёни сокинони деҳа ва намояндаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масъалаи идомаи корҳои созанда, баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори маҳал ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти деҳа суҳбати озод сурат гирифт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *