Хабарҳо

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДЕҲАИ ЛОҲУТӢ

print
Сокинони деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар баробари дигар деҳоти шаҳр ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонии деҳа як қатор корҳои созандаро иқдом гирифтаанд.
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва бо дастгирии соҳибкорону фаъолон ва сокинони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона 1 км роҳи деҳа таъмири мукаммал ва мумфарш карда шуд.
Тибқи маълумоти раиси ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият Қурбонов Ҷаҳонгир сокинони деҳаи Лоҳутӣ дар баробари ободонии маҳал, аз ҷумла чароғонкунӣ ва хуррамгардонии деҳа, инчунин дар таъмиру тармими муассисаи таълимӣ низ саҳми муносиб доранд.
Дар деҳа сохтмони маркази хизматрасонӣ бо ҷойгиркунии коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона, мағоза ва дорухона идома дошта, то моҳи сентябри соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *