Хабарҳо

ГУРӮҲИ ДӮСТИИ ПАРЛАМЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МЕҲМОНИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

ГУРӮҲИ ДӮСТИИ ПАРЛАМЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МЕҲМОНИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ш.Турсунзода 22.09.20

Имрӯз дар доираи сафари кории гурӯҳи дӯстии парламенти Олий Мажлисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ҳамроҳӣ намуд.

Дар майдони пазироии меҳмонон Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳи дӯстии парламентиии Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешвоз гирифт.
Дар идома ҳайати меҳмонон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддассоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турснзода дидан намуданд.

Дар идома сафари меҳмонон ба токзори хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” сурат гирифт. Дар хоҷагӣ доир ба нашъунамои ангур навъҳо, усули парвариш, тарзи нигоҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо, самтҳои содирот ва дигар масоили вобаста ба парвариши ангур деҳқонони шинохтаи кишвар Неъматҷон Усмонов ва Маҳмадамин Мадумаров меҳмононро шинос намуданд.

Баъдан аз боздид аз шаҳри Турсунзода гурӯҳи кории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе сафари кориро идома доданд.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.
Ҳамзамон дируз дар Маҷлиси намояндагон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои байнидавлатию ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *