Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, стол и в помещенииБа муносибати 26-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки афсарон, хизматчиёни шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва собиқадорони соҳа маҷлиси ботантана доир гардид.

Бо ин муносибат табрикоти роҳбарияти шаҳрдорӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳа расонида шуда, таъкид гардид, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, ҳамчун ниҳоди муҳофиз ва наҷотдиҳанда дар мудофиаи аҳолӣ ва муҳити зист аз тањдиди офатҳои табиӣ азму талош намуда, ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми муносиб дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *