Хабарҳо

РОҲРАВҲОИ ШАҲР ТАЪМИР ВА ЧАРОҒОН МЕШАВАНД

print

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандаву бунёдкориҳо аз қабили бунёди коргоҳҳои хурду бузург, сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ, со хтмони  биноҳои истиқоматӣ, инчунин таъмиру роҳҳои нақлиётгарду роҳравҳо муташаккилона идома дорад.

Бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва дастгирии соҳибкорони  маҳаллӣ дар маркази шаҳр таъмири мукаммалии роҳравҳои шаҳр оғоз гардид.

Алҳол таъмири роҳрови пиёдагардӣ дар кӯчаи 15-солагии Истиқлолият оғоз гардида, баъд аз тахту ҳамвор намудани роҳрав ва таъмири ҷӯйборҳои шафати роҳи нақлиётгард беш аз 100 м2 тахтасанг ба рӯи роҳ чида шуд.

Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи сохтмони асосии шаҳр роҳравҳои атрофи шаҳр ба куллӣ таъмир гардида, бо тахтасанг рӯпӯш карда мешаванд. Масофаи умумии роҳравҳо беш аз 6 км-ро дар бар гирифта, кӯчаҳои маркази шаҳрро ба ҳам пайваст намуда, пурра чароғон мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *