Саноат

БОЗДИДИ АЗИМ ИБРОҲИМ АЗ «ВЕЖА ФАРМА»

print

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода  аз фаъолияти корхонаи истеҳсолии дорувории «Вежа фарма»-и шаҳри Турсунзода шинос шуд. Муовини Сарвазири мамлакат ва ҳайати кориро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҳамроҳӣ намуд.

Боиси қайд аст, ки корхонаи истеҳсоли дорувории «Вежа фарма» соли 2015 сохта, таҳти унвони “Вежа фармасевтикалс” фаъолият намуда, мутаассифона аз нимаи дуюми соли 2019 то моҳи марти соли 2020 муваққатан фаъолият намекард.

Хушбахтони аз моҳи марти соли ҷорӣ корхонаи мазкур дар партави дастуру супоришҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дубора иқтидори истеҳсолӣ ва номгӯи маҳсулоти тиббиро зиёд намуд.

Тибқи маълумоти масъулини корхона дар ибтидои фаъолият дар корхона 6-7 намуди маҳлулҳои тиббӣ, аз ҷумла, натрия хлорид, рингер, глюкозаи 5 ва 10 %, аквазол, фуратсилин истеҳсол мегардид.

Соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳлулҳои тиббӣ барои табобати бемориҳои сироятӣ номгӯи маҳсулот то 14 намуд расонида шуд. Айни ҳол дар “Вежа фарма” инчунин маҳлулҳои тиббӣ, аз ҷумла левофлоксасин, метранен, сипрофлоксасин, офлоксасин  ва дигар намуд истеҳсол мегардад. Аз моҳи март то инҷониб дар корхона 3 миллиону 200 ҳазор адад зарфи маҳлулҳо истеҳсол гардид.

Корхонаи мазкур бо технологияи муосир муҷаҳаз гардонида шуда, дар он 103 нафар кору фаъолият менамояд. То охири соли ҷорӣ дар нақша аст, ки бо мақсади зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ иловатан ду хати нави истеҳсоли аз ҷумла хати истеҳсоли доруҳо дар ампула ва хати истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ сохта шуда, дар ин замина шумораи коргарон ба 200 нафар расонида мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *