Фаъолияти намояндагон

ИТТИЛОИЯ АЗ ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

print

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раис шаҳр – раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои иқтисод, буҷет, андоз, савдо, хизматрасонӣ, меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ Иҷлосияи 3 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум)  баргузор шуда, 10 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Нахуст  вакилон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 8 июни соли 2020, №1548 дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод намудани Вализода Абдуқодири Исуф ва масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилиии мавсуф дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Марказ №1» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии масъалаи сеюм  лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии «Марказ №1» мавриди баррасӣ қарор гирифта, баргузории интихобот  рӯзи 16 августи соли 2020 тасдиқ шуд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаи чорум рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 7 июни соли 2018, №644 «Дар бораи  Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2018-2022» ҳисоботи раиси Комиссияи домии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, заминсозӣ, озуқа, беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист Абдуллозода шунида шуд. Дар ин мавзуъ вакилон Қаноатов Ховар ва Ахмедов Изатуло ба музокира баромаданд. Таъиноти кадрӣ зимни баррасии масъалаҳои 5,6,7,8 рӯзнома баррасӣ шуда, лоиҳаи қарор ҷиҳати ба мансаби сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таъин намудани Каримзода Абдуносир Карим, ба мансаби сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода таъин кардани Ҷумъаев Суҳроб Сунъатуллоевич,  ба мансаби сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таъин кардани Раҳмонов Фаридун Очилдиевич, ба мансаби сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода таъин кардани Раҳимов  Шарифбек Астонаевич тасдиқ гардид.         

   Бақайдгирии гуруҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода зимни баррасии масъалаи нӯҳуми рӯзнома тасдиқ гардид. Ҳангоми баррасии масъалаи даҳум вобастаа ба тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои якум ва сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати шашум қабул гардидаанд, вакилон мавқеи худро муайян намуданд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *