Фаъолияти намояндагон

БОЗДИДИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХОЛМАҲМАДЗОДА СОЛЕҲА АЗ СОҲАИ ТАДУРУСТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВА КУМАКИ ИДОНА БА КОРМАНДОНИ СОҲА

print
Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа аз Беморхонаи Марказии шаҳрии Турсунзода боздид намуда, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони сироятёфта аз бемории сироятии корновирус (СОVID-19) ва шароити кории кормандони соҳаи тандурустӣ шинос шуд.
Зимни сӯҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ Солеҳа Холмаҳмадзода иброз дошт, ки чун дигар давлатҳои ҷаҳон коронавирус ба кишвари мо низ мутаассифона, ворд гардид. Ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ амал намуда, ниҳоди марбутаи тандурустӣ шабонарӯзӣ дар хизмат қарор доранд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро заҳматҳои беандоза ва фидокориҳои имрӯзаи табибонро оид ба пешгирӣ намудани коронавирус баланд арзёбӣ намуда,, ба онҳо арзи сипос намуданд.
-Аз ин лиҳоз корамндони соҳаи тандурустиро мебояд эътимоди муҳтарам Пешвои миллатро сазовор буда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати табобат ва хизматрасонии тиббӣ беш аз пеш кӯшиш намоянд,-иброз дошт Солеҳа Холмаҳмадзода
Фарорасии иди саиди Фитрро муборакбод намуда, Солеҳа Холмаҳмадзода иброз дошт, ки ба қайд гирифтани беморӣ набояд мардуми моро ба таҳлука орад. Моро мебояд дар ҳамдастӣ зидди ин сироят мубориза барем, бо риояи тавсияи духтурон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории оила ва пеш бурдани зиндагонӣ меҳнат намоем.
Баъдан дар партави сиёсати хайрхоҳонаи муҳтарам Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Холмаҳмадзодаҳо ба як қатор кормандони соҳаи тиб бо мақсади дастгирии моддӣ ва ороиши дастархони идона кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған макарон, шакар ва ғайра расонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *