Тандурустӣ

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МАШАВАРАТӢ ВО БАСТА БА КОРОНАВИРУС ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пандемия Covid 19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон, умуман тамоми нерӯи некандеш  дар ҳамкорӣ алайҳи  пандемия Covid 19 мубориза мебаранд.

Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии сироятии коронавирус (Covid 19) таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисои соҳаи тиб ба суолҳои Шумо посух медиҳанд.  Агар Шуморо ягон нишонаҳои беморӣ азият медиҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагиӣ гирифтан мехоҳед, бл Маракази машваратӣ дар тамос бошед.

Марказ инчунин ба Шумо ҷиҳати   чиҳати расидагӣ ба табибони минтақавию оилавӣ кӯмак мерасонад.  Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии миёни корафтодагон ва табибон буда, омодаи хизмати Шумост. Телефонҳои барои тамос:

8 (3130) 2 62 03;  8 (3130) 2 62 04; 8 (3130) 2 62 05

Коронавирус наметавонад моро рӯҳшикаставу  навмед созад,  мо миллати бузургем,  фотеҳу мағлубнопазирем, дар ин набард низ ЗАФАР насиби мост!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *