Таҷлил

Табрикоти раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ба муносибати Иди Ғалаба

print
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнаткашони ақибгоҳ,
Ҳамдиёрони азиз,
Имрўзҳо дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон 75 солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардида, мардуми сарбаланди Тоҷикистон низ ин санаи муҳимро зери Парчами сулҳу дўстӣ ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони шаҳри Турсунзодаро табрику таҳният намуда, ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як сокини диёр рӯзгори осуда таманно дорем.
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният фоҷиабортарин ҷанг ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар баробари дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми бонангу номуси Тоҷикистон баҳри таъмини ғалабаи таърихӣ саҳми сазовор гузоштаанд.
Аз ҷумла, беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар гардида, 92 ҳазор нафари онҳо бо шуҷоату мардонагӣ дар майдони набард ҳалок шудаанд.
Дар ин радиф, беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан баромада, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар майдони муборизаҳо ҷон супориданд.
Саҳми халқи тоҷик дар баробари майдони ҷанг, инчунин барои таъмини ғалаба дар ақибгоҳ низ хеле назаррас буд. Ақибгоҳ низ худ майдони набард, майдони заҳмати сангинро мемонд, ки дар он модарону кўдакон ва пирон зањмати пурмашаққат кашида, гуруснаву нимбараҳна тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири ғалаба ва ояндаи нек сафарбар мекарданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллати мо далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл кардаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
9 май дар баробари собиқадорони ҷанг барои насли имрўза низ гиромиву муқаддас буда, рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагӣї барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ва хурду бузурги кишвар ҳамасола зимни таљлили ин санаи таърихӣ аз муборизони майдонҳои набард ёдоварӣ намуда, номи неки фарзандони шарафманди худро ба хотир меоранд ва гиромӣ медоранд. Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осуда ва ояндаи нек ҷонбозиҳо намудаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат нигоҳубину парасторӣ, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва ғамхориҳои иҷтимоиро ба собиқадорони ҷанг вазифаи муқаддас шуморида, дар ин самт чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Зимни мулоқотҳои худ бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанї муҳтарам Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «Шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрўзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад»
Дар кишвари мо бо мақсади пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг ва ҷасорату корнамоиҳои онҳо китобҳо иншо гардида, достонҳо эҷод шуда, садҳо муассисаҳои таълимию боғҳои фарҳангӣ ба ифтихори қаҳрамонони ҷанг номгузорӣ шудаанд. Ин иқдоми нек дар шаҳри Турсунзода низ идома дошта, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ гӯшаи поси хотири иштиркдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ ба ифтихори 75 солагии Ғалаба дар деҳаи Қаратоғ боғ ва лавҳаи хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гардид.
Вазифаи муқаддаси мо пос доштани хотираи неки шаҳидон ва эҳтирому дастгирии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Таҷлили рӯзи Ғалаба бори дигар ҷаҳониёнро ҳушдор месозад, ки дӯстиву ҳамкорӣ омили асосии ғалаба алайҳи қувваҳои бадхоҳ буда, ҷиҳати таҳкими сулҳу субот дар ҷомеаи башарӣ нақши арзанда дорад.
Мо шукргузорем, ки дар Тоҷикистони маҳбуб амнияту ҳамдилӣ ва рӯзгори осуда ҳукмфармо буда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун тарбиятгари насли ҷавон дар ҷомеа мавқеи муносиб дошта, таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат давлати пирӣ меронанд.
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, меҳнаткашони ақибгоҳ,
Ҳамдиёрони азиз,
Бори дигар ба ифтихори 75 солагии Рӯзи Ғалаба Шуморо табрик гуфта, саломативу рӯзгори обод ва осмони мусаффоро орзу менамоем.
Иди Ғалаба муборак,ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *