Нуқтаи назар

ҲУСНИ АНҶОМИ ИНТИХОБОТ

print

Вокуниш

Маъракаи навбатии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ пас аз интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ анҷоми тоза ёфт. Дар фаъолияти мақомоти олии қонунгузории кишвар саҳифаи нав боз шуд. Нафаре ба сари вазифа омад, ки интизораш буданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар раъси палатаи болоии парламенти кишвар қарор гирифт. Амалан ин мақоми шахси дувум дар роҳбарияти давлат аст. Мавсуф масъулияти азимеро ба дӯш гирифт.

Аслан дар ин замонаи пурталотум ва саросар аз хавфу хатарҳои ба кулли ҷомеаи инсонӣ таҳдидкунанда ба зима доштани чунин мансаби олӣ дили бузургу азми қавиро талаб мекунад. Ба гумонам, Рустами Эмомалӣ, бо вуҷуди ҷавонӣ, аз уҳдаи иҷрои чунин вазифа бо сарбаландӣ баромада метавонад. Таҷрибаи кори ӯ тайи чанд соли охир дар вазифаи шаҳрдори пойтахти кишвар эътимоди моро ба ӯ бештар мекунад. Ҳамагон шоҳиданд, ки Душанбешаҳр чанд муддати охир бештар обод гардида, шукуфт ва ангуштнамо гашт. Алхол шаҳри шаҳрҳои мо муаррифгари Тоҷикистон мебошад. Ҳар нафари шаҳрванди Тоҷикистон ва низ касоне, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, ифтихор доранд, ки шаҳри Душанбе пойтахти мамлакати тоҷикон аст ва сарварии он бар уҳдаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шудааст. Ва имрӯз хизматҳои бедареѓи Сарвари пойтахти Тоҷикистон эътироф шудааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хонавода ва мактаби бузурги сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия ва парвариш ёфта, зина ба зина ба камол расид. Акнун ӯ, пас аз пайдо кардани таҷрибаи зарурии роҳбарӣ дар мақомоти баланди ҳокимияти давлатӣ комилан омода гардид, ки ба палатаи болоии парламенти кишвар сарварӣ намояд.

Вазъи ҳассоси феълии ҷаҳони муосир мушкилоти зиёдеро дар пешорӯйи аҳли сиёсат қарор додааст. Қаблан ҳам шароити сиёсии олам чандон қобили қаноатмандӣ набуд. Вале имрӯз ба муносибати ҳуҷуми сартосарии ё ба истилоҳи байналмилалӣ, пандемияи коронавируси нав хатари азиме ба инсоният таҳдид мекунад. Дар чунин вазъият насли нави сиёсатмадорон бо диду биниши нав ба майдон меоянд. Муҳтарам Рустами  Эмомалӣ намояндаи барҷастаи насли нави элитаи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад. Мавсуф, дар баробари омода будани хеш ба ҳар гуна пешомаду санҷишҳои давру замон дар олами сиёсат, имтиёзи дигаре дорад, ки шояд барои сиёсатмадори дигари сатҳи ӯ камӣ кунад.

Албатта, хонанда пай мебарад, ки ман Киро ва чиро дар назар дорам. Бале, дуруст пай бурдааст. Муҳтарам Рустами Эмомалиро раҳнамои бузурге дар пешорӯ қарор дорад, ки пайваста аз ӯ меомӯзад ва ӯро пайравӣ мекунад. Ин шахсияти муқтадир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки имрӯзу фардои кишвари моро бидуни кору пайкори Давлату Ватансозии эшон тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

Ҷомеаи кишвари мо интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалиро ба яке аз вазифаҳои олии давлатӣ – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қаноатмандии комил пазируфта, дар он идомати сиёсати пешгирифтаи созандагию бунёдкории халқу давлатро мебинад, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар қатори кулли шаҳрвандони мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон умедвор мешавам ва эътимоди қавӣ дорам, ки ҳусни анҷом пайдо кардани маъракаи интихоботи Тоҷикистон ва ба мақоми олии қонунгузории кишвар – палатаи болоии Маҷлиси Олӣ – Маҷлиси миллӣ, раис интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар айёми эҳёи табиат, баҳори гулфишон, созандагию бунёдкориҳои тоза ба тозаро ба кишвари мо ворид карда, дарак аз шукуфоиҳо ва хушбахтиҳои навин медиҳад.

Ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷодаи сиёсати калон барору комёбиҳои нав ба нав таманно карда, интихоби ӯро дар ин вазифаи пурмасъулият  табрику муборакбод мегӯям.

Абдулқодири СОҲИБДИЛ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *