Хабарҳо

ТАБРИКОТИИ РАИСИ  ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САДА

print

Ҳамдиёрони гиромӣ,  

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми мо эҳё шуда, дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Ба ин муносибат фаро расидани ҷашни бостонии Садаро ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода самимона шодбош гуфта, гармиву нур ва рӯзгори пурсаодатро ба хонадони ҳар яки Шумо орзу менамоям. Сада, аз идҳои миллии мардуми ориёинажод мебошад, ки таърихи бою рангин дошта, аз қадим ҳамчун  ҷашни нур ва омодагӣ ба корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Афрӯхтани гулхан аз суннатҳои ҷашни Сада буда, ин маросимро метавон мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид. Аз қадим мардум дар давраи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳор чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд.

 Аз таърихи ҷашни Сада бармеояд, ки он аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад. Аҳамияти таҷлили иди Садаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ намуда, иброз доштаанд: “Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.” Боварӣ дорам,  ки мардуми мо хусусан, кишоварзон омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, яхобмониву нигоҳубини заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои навро вусъат бахшида, барои боз ҳам шукуфон гардонидани кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр саҳм мегузоранд. Моро мебояд пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар самти ободониву созандагӣ пайравӣ намоем. Дар шаҳри Турсунзода аз таҷлили ҷашни Сада то Сада ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардида, хоҷагидорон дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим гузоштанд. Боиси ифтихор аст, ки кишоварзони мо бо зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи старатегии мамлакат интихоб гардидааст, саҳми арзанда мегузоранд. Боварӣ  дорем, ки Сада ба сифати ҷашни миллию мардумӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардида, барои рушди боғу токпарварӣ, гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ, дар маҷмӯъ густариш ёфтани соҳаи кишоварзӣ  мусоидат менамояд. Итминони комил дорам, ки таҷлили Сада ва дигар ҷашнҳои миллӣ арҷгузорӣ ба расму ойинҳои мардумӣ ва густариши ватандӯстиву хештаншиносии мардумро таҳким бахшида, боиси вусъат ёфтани ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон мегардад.

Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзу менамоям.     

Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони  азиз!                                          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *