Нуқтаи назар

ҲАНГОМАСОЗОН ХОМӮШАНД, Ё…

print
Ҷаҳони муосир пуртазод буда, ҳамарӯза аз ҳар канори олам иттилои наве ба мардум расонида мешавад. Хабарнигорон дар ҳар масоил маводҳои мухталифро рӯи нашр меоранд.
Вале хомаи шумхабари Мирзо Салимпур бар ивази пули душманони миллат дурӯғ, тӯҳмат, бӯҳтон ва ҳарзаи беҳударо эҷод карда, дар журналистика ӯро ҳамчун Салимпул машҳур кардааст.
Дар авроқи сияҳафкори Сайидюнуси Истарафшанӣ, ки бо номи кӯри Юнус машҳур аст, ҷуз иғвою тафриқа ва санги маломат сӯи Ватан задан, дигар ҳарфи неке ба назар намерасад.
Маълум аст, ки ҳарду аз пешниҳоди қути лоямути хоҷагону охундҳо зиндагии “пурлаззат” доранд. Навиштаҳояшон фармоишӣ буда, аз ночорӣ, баъд аз пешниҳоди мавазуи матраҳгардида, “эҷод” мешавад.
Хол ба хонандагон тозатарин ахбор аз дафтари хабарии Салимпул ва кӯри Юнус пешниҳод мегардад:
“Як гурбаи пурҳайбати фалонӣ ба мушаки бечораи бенаво, ки ба анбори гурба даромада буд, дарафтод… Бечора гурба мурд, ки албатта аз беэътиноии мақомоти қудратии ин кишвар ва саривақт ёрии таъҷилӣ наросонидани кормандони соҳаи тиб дарак медиҳад. (Сайидюнуси Истарафшонӣ).
“Бо айби ҳукумат дар шимоли кишвар баъд аз хӯрдани ғӯраи зардолу як хонандаи мактаб шикамдард шуда, ба мактаб нарафт, ки аз ноуҳдабароии вазири маориф ва илми кишвар дарак медиҳад…” (Сайидюнуси Истарафшонӣ).
“Баҳори соли ҷорӣ бо ҷурми режими диктаторӣ сербориш омад ва деҳқонон бо айби ҳукумати вакт нақшаи киштро иҷро накарданд, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат шиканҷа алайҳи табиат, соҳаи кишоварзӣ ва некӯаҳволии мардум аст… “ (Мирзо Салимпур)
“Дар натиҷаи беэътиноии Кумитаи кор ба занон ва оилаи ҳукумати вақт келини як хонадон туфлии пошнабаланд пӯшида, зимни роҳ рафтан афтод ва дар натиҷа хушдомонаш уро маҷбур сохт, ки туфлии пошнапаст пӯшида, ба меҳмонӣ равад. Бори дигар ҳукумати вақт нишон дод, ки дар мамлакат ҳуқуқи шаҳрвандон, помол ва ба озодии келин фишор оварда мешавад. (Мирзо Салимпур)
Бо чунин тарз пешниҳод намудани хабарҳо аз усули дӯстдоштаи ин ду “собиқадори ахбор”-и муғризона ба ҳисоб рафта, манбаи даромади онҳо тариқи сафсата ҳангомаҳои бардуруғу бофта ва чунин тарзи итттилоъро ба “бизнес”-и худ табдил додани Юнус ва Мирзодикак аст.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи хабарнигорони ҷаҳон ба суи Эрон равона шуда, вобста ба тазаҳурроти ин давлат маводҳои зиёд паҳн мешаванд.
Аммо журналистони машҳури ҳангомасоз Салимупул ва Кури Юнус хомӯшанду намегӯянд, ки дар ин давлат чӣ сару садоҳост.
Магар намедонанд, ки аз болоравии нархи бензин дар Эрон мардум норозигӣ баён дошта, ба тазаҳҳурот баромаданд, ки он беш аз 100 шаҳрро фарогир шуд?.
Оё Салимпул ва кӯри Юнус бехабаранд, ки аз дасти ҳукумати охундӣ беш аз 140 нафар кушта, садҳо нафар захмӣ ва то 7000 нафар дастгир шудаанд. Аммо роҳбарони Эрон ин рақамро рад карда, дари расонаҳои хабарии интернетиро давоми якчанд рӯз бастанд, ки боиси боз ҳам вазнинтар гардидани вазъият шуд.
Шояд Салимпул ва Юнуси каҷбин аз нигаронии Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) вобаста ба қазияи охири Эрон НИГАРОН нашуданд? Охир ин ду “ҳимоятгари ҳуқуқи башар” доим аз номи ин созмон Тоҷикистонро ба ҷаҳон нақзгари ҳуқуқи башар эълон медоштанд. Куҷост, акнун дили “пуртараҳҳум”-и ин ду “ҳимоятгари ҳуқуқи башар” , ки аз бедодиҳои ҳукукмати охундӣ сухан гӯянд? Ин қадар гапу сару садоҳову ин ду сафсатахону ҳангоматалабу ҳангомасозу ҳангомагӯй ХАП??? Банда аз ҳар як қатра хуни рехта дар ин кишвар дилхунам таъзият ба хонадони онҳо. Вале ин ду ҳангоматалаб одат кардаанд, ки аз маргу азияти инсонҳо ҳангома созанд….
Ин хомӯшӣ ба “хомӯшии пеш аз тӯфон” ҳеҷ монанд нест. Ин хомӯшӣ ҷуз думро зери по халонда, хапакак, нишастани ин ду ватанфурӯши зархарид дигар маъние надорад.
АҲМАД САИД

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *