Таҷлил

КОНСТИТУТСИЯ   ҚУТБНАМОИ  ҲАЁТИ  МОСТ

print

         Бисту панҷ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 дар кишварамон воқеаи муҳими сиёсӣ рух дод. Тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мардуми кишвари соҳибистиқлоламон худро бо ифтихор ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард.

Бо фараҳмандиву сарфарозӣ гуфта метавонем, ки тариқи раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия нахустин маротиба дар Осиёи Марказӣ дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Воқеан ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ меъёру шаклҳои идоракунӣ, сохтори давлатӣ, усули заминаҳои нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро муқаррар менамояд.

         Агар дар бораи рисолати Конститутсияи нави Тоҷикистон ҳарф занем иборат аст аз фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибати кашмакашиҳои дохилӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии харобгаштаи халқ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ, барқарор намудани  муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон.

         Бо дарназардошти зарурият ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо раъйпурсии умумихалқӣ таѓйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ва имрўз ҳар як тоҷикистонӣ қатъи назар аз миллату нажодаш ин ҳуҷҷати роҳнаморо таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ѓояҳои ҷовидонаи хеш медонад.  Ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арз гузоштан ва дар асоси он дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созанда кўшиш менамояд. Ҳамзамон ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва арзишҳои Конститутсия талош меварзад. Яъне, моро месазад, ки аз чаҳорчўбаи ин Бахтнома ва қонун берун нашуда, баҳри ободии Ватан ва ҳифзи он фидокору фидоӣ бошем. Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “… Ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчўбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кўшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва эҳтироми риояи қонун тарбия кунем”.

Вақте  ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиати давлат мегўем,  беихтиёр таъкиди моддаи 43-и Конститутсия ба хотир меояд: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат,  таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.  Инмодда бахусус ҷавононро, ки пешбарандаи ҷомеа мебошанд тақозо менамояд, ки ҳамешаву бештар ба ҳимояи Ватан ва дастовардҳои истиқлолият омода бошанд, созандагони ҳақиқии ҷомеаи навин буданашонро собит созанд.

         Хуллас, дар солҳои минбаъда низ Конститутсия ҳамчун шоҳсутун ва қонуни асосии давлат дар ободкориву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сиёсии худро мегузорад. Ва ҳадафи ниҳоии Конститутсияи Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад.

Т. Азизов,

директори Коллеҷи

металлургии шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *