Иҷтимоиёт

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР БОЗОРҲОИ КИШВАР

print

          Мавриди зикр аст, ки соли сипаригардида Сарвари давлат бо ҳадафи рушди гардишгарӣ ва барҷой мондани ҳунарҳои миллӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буданд. Ин пешниҳод самараҳои бузург овард: шумораи сайёҳону гардишгарон хеле афзуд ва ҳамчунин кулли ҳунарҳое, ки анқариб фаромӯш шуда буданд, эҳё шуданд. Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки  барои тараққӣ додани сайёҳӣ корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст, аз ҷумла роҳҳои нав, корвонсаройҳо ва сохтмонҳои махсус барои гардиши озодона ва фароғатбахши сайёҳон, инчунин тадбирҳои дигаре барои рушди ҳунарҳои миллӣ бунёд кардан лозим мешавад. Бо ҳамин ҳадафҳои ниҳоят муҳим ва зарур Пешвои миллат эълон карданд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  номида шаванд.

Мақсад аз чунин номгузорӣ ва ин иқдом, ба қавли Сарвари давлат, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани сохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ин мақсадҳо бояд дар соҳаҳои зерин чунин чорабиниҳоро  анҷом диҳад:

– аввалан, дуруст муаррифӣ кардани мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

–   ҳифзи ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ;

– фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ.

Инчунин дар Паём Пешвои миллат таъкид карданд, ки ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

Аз ин суханони Сарвари давлат чунин хулоса кардан мумкин аст, ки Тоҷикистон аз рӯи нақшаи хеле хуб сохташуда пеш меравад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ин ташаббусҳоро дастгирӣ кунем ва ҳар кас тибқи имкону тавонаш дар ободии Ватан саҳм гузорад: яке бо сухан, дигаре бо сармоя, сеюмӣ бо саҳми шахсиаш. Каси бетараф дар ободӣ набояд бошад, зеро дар тӯли таърих ҳамеша сарҷамъии мардум мамлакатҳоро обод кардаанд ва дар танҳоӣ ягон коре самар нахоҳад дод.

Қайд менамоем, ки дар солҳои пешин ҳунарҳои дастии мардумӣ дар бозорҳои кишварамон кам ба назар мерасид, чунки аксарияти шаҳрвандон харидорӣ намекарданд ва аҳамияти ҷиддӣ низ намедоданд. Айни ҳол бошад  мағозаҳои дохили мамлакат пур аз маҳсули ҳунарҳои дастӣ гардидааст, аз қабили куртаи чакан, гулдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, ҷувздонҳои занона ва ғайраҳо дида мешаванд ва харидорони худро пайдо намудаанд. Инчунин махсус мағозаҳое боз шудаанд, ки дар дохили он тамоми намуди ҳунарҳои дастии мардумӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ин боиси хушнудии ҳар як ҳунарманд аст.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукргузории Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро баҷо орем, онро сидқан дӯстдорем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байнал милалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Наргис ИБОДУЛЛОЗОДА,

журналист.

 

                                .          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *