Нуқтаи назар

ШИКАСТИ ГӮШНОШУНИДИ ТЭТ ҲНИ ДАР ВАРШАВА

print

Ин чанд рӯз боз чанд сомонаи интернетии тафриқаангезу ҳангомаҷӯро «бозорашон гарм» буд. Аз падидаҳои воқеии нишасти САҲА дар Варшава афсонаву ривоятҳо мебофтанд. Ҳар чӣ қадар тавонистанд ба сӯи мардуми осоишта ва Ҳукумати кишвари тоҷикон санг андохтанд – санги тӯҳмату лоф ва буҳтону маломати беасос. Аз кирдорашон шармашон наомад. Хеле мехостанд, ки ТЭТ ҲНИ-ро «мусичаи бегуноҳ» нишон диҳанд.  Тамоми роҳу усулҳоро истифода бурданд, вале нашуд, ки нашуд. Ҳарчанд наҳзатиёну пайравонашон хостанд «офтобро бо домани даридаашон пӯшонанд», вале ҷаҳониён диданду шуниданд, ки он «мусичаи бегуноҳ» лошахӯр будаасту бас. Билохира шикаст хурданд, шикасти чашмнодидаву гӯшношунид. Дигар на хоҷагонашон нози нузи уноро мебардоранду на пайравонашонро эътимоду итминон нисбаташон монда.

Ростӣ, ҷараёни суханрониҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони расмии дигар мамолики дунё ва гумоштагони «Паймони миллӣ» (ҳамон ТЭТ ҲНИ)-ро тамошо кардаму мақоли «хар рафтааст Мадина, лек омадааст ҳамун хари қадима» ёдам омад. Дар ҳақиқат, ном дигар, ниқоб дигар, «зебу зиннат» дигар, вале ҳадаф ҳамун ҳадафи манфур, чашмон ҳамун чашмони хунхор, ният ҳамун нияти разилона.

Дар суханрониҳои ҳайати расмии кишвар бошад, оҳанги адолату ҳақиқат, сулҳу ваҳдат, даъват ба ҳамдастиву якдилӣ танинандоз буд. Ҳайати Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин нишастҳо намунаи олии маърифатнокии ҳуқуқӣ ва одоби дипломатия, таҳаммулпазирӣ ва гузаштро дар худ инъикос карданд. Дар гуфторашон танҳо далелҳои муътамад оварда мешуд.

Ҳаводорони ТЭТ ҲНИ мисли ҳарвақта бо суханпардозиву бекорагӯӣ, алфози қабеҳу гуфтори бедалел, намунаи пасти ахлоқ ва бечоранолӣ ба мавқеи бидуни ин ҳам ларзони худ теша мезаданд. Мисли худобехабаре буданд, ки шохи дарахти дар он нишастаашонро бо дасти худ мебуриданд.

Баъд аз дидани ин манозири ҳам ҳузнангезу ҳам хандаовар ҷаҳониён боз як маротибаи дигар барои худ муайян карданд, ки дар Тоҷикистон бо кӣ ҳамкор бошанду аҳдофи киро ҷонибдорӣ намоянд. Боз як бори дигар маълум шуд, ки ин нафарони ба ном «мухолиф»-и сиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлолу ягонаву демокративу дунявӣ танҳо шахсони ҷиноятпеша, хиёнаткор ва тафриқаангез ҳастанду дигар ҳеҷ.

Таърих дар сафҳаҳои худ бо нақши абадии газанднаёбанда ҳамаро сабт кардаасту мекунад. Ҳама медонанд, ки ТЭТ ҲНИ чӣ ташкилот ҳаст, намояндагону ҳаводоронаш кӣ касон ҳастанд ва чӣ мақсаду ҳадафҳои разилонаву иблисона доранд онҳо. Агар касе намедонист ё нодониста мегирифт ин бурҳони қотеъро, пас шикасти варшавагии ТЭТ ҲНИ далолаткунандаи возеҳи он буд, ки бо чунин ашхос паси як мизи гуфтугӯ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ васила набояд нишаст.

Раҳмони НУР,

таҳлилгар.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *