Кишоварзӣ

МАҚСАД: ТАЪМИНИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ

print

Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ,  раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд. Дар ибтидо раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот манзур намуданд. Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода низ маълумоти омории соҳаи кишоварзии шаҳрро дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  мавриди шарҳ қарор дод. Вобаста ба иҷрои сохтори кишт, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам аз ҷониби раисони хоҷагиҳои ҷамоавӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Муовини Сарвазири мамлкат ҳисоботи масъулинро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар баробари хоҷагидорон аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот низ  вобастагӣ калон дошта, масъулинро мебояд дар маҳал корро ҷоннок намоянд.   Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки дар баробари шаҳри санотӣ будан, шаҳри Турсунзода бо кишоварзони соҳибтаҷриба ва заминҳои ҳосилхез шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз, кишоварзони шаҳрро мебояд дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро сари вақт иҷро намуда, аз обу замин самаранок истифода бурда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиби худро гузоранд.

  • Барои иҷрои дурнамои кишт, ба даст овардани ҳосили баланд,бунёди боғу токзор, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар шаҳри Турсунзода тамоми шароитҳо муҳайё аст, иброз дошт муовини Сарвазири мамлакат.

Дар идома хоҷагидорон изҳор доштанд, ки  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати малакат тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва содироти маҳсулоти баландситфати кишоварзӣ  аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР                                                                             

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *