Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ НИМСОЛАИ ЯКУМ

print

Имрӯз дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ватанзода Маҳмадалӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид.

Вобаста ба рӯзномаи маҷлис муовини якуми  раиси шаҳр Сайдамин Остоназода баромад намуда,  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар нимсолаи якуми соли 2019 мавриди таҳлил қарор дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки  соли равон бо шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз гардида, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 223 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳоро бо аҳолӣ баргузор шуд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, 12 озмуну фестивал ва 137 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар идома  Сайдамин Остоназода нишондиҳандаҳои шаҳрро таҳлил намуда, қайд кард, ки  ҳаҷми мол, кор  ва хизматрасонӣ дар  ин муддат ба маблаѓи  1 млрд. 95 млн. сомонӣ истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 142 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаи савдо – 14,6  фоиз, кишоварзӣ – 2,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ – 17,3 фоиз, саноат – 24,7 фоиз афзоиш ёфта, соҳаи сохтмон – 13,1 фоиз  коҳиш ёфтааст.

 Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии  ѓайрибуҷетӣ  ба  андозаи 100,2 фоиз  иҷро гардида, 75,2  млн.  сомонӣ  ворид  шуд.

 Инчунин илова гардид ки дар шаҳр 23547 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, талаботи пардохти нафақаи онҳо 44,4 млн. сомониро ташкил дода, пурра маблаѓгузорӣ карда шуд.

Дар ин давра 858  нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 354 нафар дар соҳаҳои гуногун бо кор таъмин гардиданд. Дар шаҳр 5  маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 63 нафар бо кор таъмин гардиданд, – илова кард маърӯзачӣ

         Зимни таҳлили фаъолияти соҳаи саноат, сохтмон, энергетика ва нақлиёт, қайд шуд, ки соҳа  ба рушди иқтисодии шаҳр замина гузошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 432,1 млн. ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,7 млн. сомонӣ (22,6%) зиёд аст.

Дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани беш аз 350 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли 2018 – 52 иншоот ва дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 26 иншоот ба истифода дода шуд.

Роҳсозони шаҳр дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 44,7 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, Тибқи нақша то охири сол бояд беш аз 13 км таъмири асосӣ  ва зиёда  аз 110 км таъмири ҷорӣ карда шавад.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблаѓи  171,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 млн. сомонӣ зиёд аст.

Зимни фаъолияти кишоварзон қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр дар майдони 21172 га кишти зироатҳо гузарониданд аз ҷумла, 14549,8 га ғалладонагиҳо, 2533,7 га сабзавот, 572,4 га картошка, 437 га зироатҳои равғанидиҳанда,  25,4 га тухми зироатҳо, 1323 га хӯроки чорво ва 1520 га пахта, 211,4 га полезиҳо кишт гардид.

Дар идома фаъолияти соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро мавриди тавзеҳ қарор дода, С. Остоназода илова намуд, ки дар ин самт низ корҳо муташаккилона идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди ҷомеа, ташаккули соҳаи маориф, тандурустӣ, пешрафти фаъолияти иҷтимоии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ о тадбирҳои зарурӣ андешид.

Дар ҳамкорӣ бо бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ таъсис гардида, дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот корҳои таблиѓотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ беш аз 498 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Сайри гули лола”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар шаҳр озмунҳо баргузор гардида, ба ғолибон ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ роҳхат дода шуд. Дар натиҷа шаҳри  Турсунзода дар озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” сазовори ҷои сеюм дониста шуд.

Дар шаҳр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ корвони саломатӣ гузаронида шуд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа ба 32620 нафар хизмати тиббӣ ба таври ройгон расонида шуд.

Ҷиҳати рафъи мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар назди муассисаҳои таълимӣ сохтмони 52 синфхона идома дошта, то охири сол 39 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар масъалаи и оммавигардонии варзиш, таблиѓу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар шаҳркорҳо муташаккилона идома дошта, дар ин давра насли наврас дар 173 иншоот ба  варзиш фаро гирифта шуда, 162 нафар варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  92 медал, аз ҷумла 21  медали тилло, 34  медали   нуқра  ва 37  медали биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 5 медали тилло, 4 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ ба даст оварда шуд.

Дар идома раиси шаҳр Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки дар бюаробари муваффақиятҳо дар шаҳр як қатор масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, ки ҳалли он аз фаъолияти ҳар як масъул вобаста аст. Аз ҷониби раиси шахр  ҷиҳати беҳтар намудани некӯаҳволии сокинон ва бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои иловгӣ супорида шуд.  Хусусан таъкид шуд, ки ба масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат, баланд бардоштани маҳсулоти саноатӣ ва сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, таъмини нақшаи буҷет масъулин  таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *