Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

print

Ҳамдиёрони азиз,

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират, файзу баракат ва хайру саховат ба ҳисоб рафта, ба инсон  парҳезкориву қаноат ва устувориву пойдориро омӯхта, имонро комил, иродаро  қавӣ  ва дар  вуҷуди инсон хоксориву таҳаммулро  тарбия менамояд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Фитрро бо шукргузорӣ аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат Шумо, ҳамдиёрони азизро самимона табрик намуда, фатҳу иқбол, сулҳу оромӣ ва хайру баракатро орзу менамоем.

Ҳамдиёрони азиз,

Яке аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ин таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ, амалҳои неку созанда, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва накӯкорӣ мебошад.

Муҳимтарин оини Иди саиди Фитр бо нияти нек, хушҳоливу сахокорӣ истиқбол гирифтани он ба ҳисоб рафта, хоксориву таҳаммулро тарғиб ва зоҳирпарастиву исрофкориро мазаммат менамояд. Аз ин лиҳоз оростани дастархони маънавӣ ва дуруст харҷ намудани дороиҳо аз ҳидояти неки ислом аст.

Дар ин рӯзи саид ҷиҳати оромиву осоиш ва рушду пешрафти Тоҷикистон талаби дуо кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва таҳаммулгари мо ба шумор меравад.

Дари хайру эҳсонро ба ниёзмандон кушодан, сари ятимонро сила намудан аз оини ҷавонмардӣ буда, дигар фазилати муҳим, ин авфи гуноҳҳо ва бахшидани озурдахотирии  байни ҳамдигар мебошад, ки ба таҳкими ваҳдату оромӣ ва дӯстиву суботи аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, рушди устувори давлат ва таъмини саодати шаҳрвандон мебошад.

Боварӣ дорем, ки сокинони шаҳр пайкории созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, бо сариштакорӣ ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иди саидро пешвоз мегиранд.

Инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият тарбия намудани насли ҷавон омили пешрафту тараққиёти давлат мебошад.  Дар шароити имруза ҷалб намудани насли ҷавон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳифзи онҳо аз таъсири ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи падару модарон, зиёиён ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода барои шукуфоии Ватан ва татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат саъю талош ва меҳнати софдилонаро идома медиҳанд.

Бо изҳори ниятҳои нек фарорасии иди саидро ба Шумо ва ба кулли сокинони шаҳри Турсунзода муборак бод гуфта, саодату хушрӯзӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно менамоем.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *