Фарҳанг

БАЗМИ ШАШМАҚОМ

print

Шашмақом  аз  шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи муқҳтарам Пешвои миллат ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат дар толори Хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода  Рӯзи Шашмақом тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода мухлисони санъати ниёгон ва ҳунармандонро ба муносибати Рӯзи Шашмақом таҳният намуда, иброз дошт, ки Шашмаком ҳамчун шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик дар баробари «Шоҳнама»-и Фирдавсӣ, «Маснавӣ»-и маънавии Мавлоно, ғазалиёти Саъдиву Ҳофиз ва дигар шоҳкориҳои адабиёти классикии мардуми тоҷик ҷой дошта, ғанибахши хазинаи фарҳанги миллат маҳсуб меёбад.

Эҳёи осори ниёгон шаъну шарафи ҳар як миллату давлат маҳсуб гардида, вобаста ба ин Фармони  Президенти ҷумҳурии оид ба эълон гардидани 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ба тасвиб расид.

-Дар шаҳри Турсунзода низ устодон ва ҳаводорони Шашмақом зиёд буда, тибқи қарори раиси шаҳри Турсунзода соли 2000-ум дар назди шуъбаи фарҳанг ансамбли касбии Шашмақом бо 12 воҳиди корӣ таъсис дода шуд. Ин дастаи ҳунарӣ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, дар тарбияи маънавии сокинони шаҳр саҳми муносиб дорад.  Ҳамчунин макбати устод ва шогирдро идома дода, имрӯзҳо дар назди ансамбл 6 нафар ҳунармандони наврас аз устодони санъат нозукиҳои шашмақомро меомӯзанд, – иброз дошт раис шаҳр.

Дар идома аз ҷониби ҳунармандон ва шогирдони даста барномаи консерии идонаро пешниҳоди мухлисон гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳунарманди шашмақомсаро аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулатиф Усмонов ва Маҳмадшариф Бердиев иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд

 Дар анҷом ҳунармандон ва меҳмонон бо Сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.

ШАҲЗОД БИРДИЕВ,

мудири шуъбаи фарҳанги

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *