Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

print

         Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар Нозироти андози шаҳри Турсунзода маҷлиси ботантана баргузор шуд.  Муовини раиси шаҳри Турсунзода Ғафурҷон Собирзода аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кормандони Нозироти андози шаҳрро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният намуд.

         Таъкид шуд, ки  кормандони Нозироти андози шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини нақшаи буҷет, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ҷамъбасти моҳи апрел нақшаи буҷетро барзиёд иҷро намуданд.

Инчунин ба ифтихори иди касбӣ як қатор кормандони фаъол ба сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *