Хабарҳо

САФАРИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print


Имрўз як гурӯҳ фаъолҷавонони ноҳияи Сариосиёи Чумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз Осорхона ва китобхонаи марказии шаҳр, Осорхонаи КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳр дидан намуда, бо роҳбарият ва ҷавонони шаҳри Турсунзода суҳбат оростанд. Намояндаи Ҳукумати ҶумурииТоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекстон Шавкат Мирзиёев дӯстии ду миллати ҳамсоя барқарор гардида, раванди ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ вусъати тоза гирифт. Дар суҳбат ҷавонони ӯзбекистонӣ вобаста ба эҳёи бародариву дӯстии халҳқҳои тоҷику ӯзбек ба Роҳбарияти Олии ҳарду давлати дӯст миннатдории худро изҳор доштанд.
Дар давоми рӯз меҳмонон инчунин аз майдони Парчам, Нишон ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахти кишвар –  шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *