Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

СЕМОҲАИ ЯКУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

print

Дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ватанзода Маҳмадалӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид.

Дар кори он муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбарони бахшу сохтори мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти корхонаву ташкилот, директорони коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии маркази шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон, масъулини китъаҳои итифодабарии манзил ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар ибтидо муовини раиси шаҳр Долизода Ҳамдам вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2019 маърӯза намуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолияти кории худро бо шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, тибқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 141 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳоро бо аҳолӣ баргузор намуд.

Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Амри раиси шаҳри Турсунзода аз 28 январи соли 2019, №21 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» ба тасвиб расид.  Мақсади асосии гузаронидани рӯзҳои мақомот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии сокинон,  шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши муҳтарам Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, инчунин эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳолӣ ба ободу хуррам гардонидани деҳот, ва корҳои созандагӣ даъват гардиданд.

Вазъи иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дода, Ҳ. Долизода афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 384 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра соҳаи саноат–15,6 фоиз, кишоварзӣ–3,2 фоиз, савдо-10,8 фоиз, соҳаи хизматрасонии пулакӣ–14,9 фоиз афзоиш ёфта, соҳаи сохтмон 65 фоиз кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 99 фоиз иҷро гардида, 36,8 миллион сомонӣ ворид шуд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро Нозироти андоз–103 фоиз ва Нозироти андозсупорандагони азим – 89 фоиз иҷро намуданд.

Дар ин давра барои дастгирии оилаҳои камбизоат ба 500 нафар 30 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина  ва дар арафаи ҷашну идҳо бо мақсади дастгирии ниёзмандон ба маблағи 475 ҳазору 844 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии аҳолӣ  аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба маблағи умумии 57,5 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар идома соҳаи саноат, мавриди шарҳ қарор гирирфта, қайд гардид, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 212, 5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст.

Инчунин дар чараёни маърӯза фаъолияти соҳаи сохтмон мавриди таҳлил қарор гирифта, изҳор шуд, ки дар доираи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 8 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар деҳот беш аз 184 км роҳҳо қумфарш гардид.

Таъкид шуд, ки кишоварзони шаҳр  дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 25, 5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки аз маҳсулоти растанипарварӣ 1,6 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 23,9 млн. сомониро дар бар мегирад., ки дар маҷмуъ нисбати семоҳаи якуми соли гузашта 786 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра дар самти соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва шаҳрдории сокинон 347 суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд

Ҷиҳати бартарафсозии мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  52 синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, то охири сол 39 синфхона ба истифода дода мешавад. 

Дар семоҳаи аввали соли равон дар беморхонаҳои шаҳр ба 5035 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида, зимни баргузории Рӯзҳои мақомот ба зиёда аз 32 ҳазор нафар сокинон ташхиси ройгони тиббӣ расонида, хатнаи беш аз 600 нафар кӯдакон ройгон гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 25 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварда, аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 3 медали биринҷиро соҳиб гардиданд.

Зимни баррасии масъалаи дуюм  муовини раиси шаҳр Собирзода Ғ. рафти омодагиро ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2020 барузор мегардад, мариди таҳлил қарор дод. Таъкид шуд, ки бо мақсади  татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, №572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, №511 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»  ва  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2017, №424 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати баруйхатгирии аҳолӣ», ки ҷиҳати иҷрои ин санадҳо  қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода аз 29 январи соли 2016, №50 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Турсунзода дар соли 2020», аз 6 марти соли 2017, №224 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Турсунзода дар соли 2020» ва аз 31 октябри соли 2017, №1236 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода»  ба тавсиб расидааст.

         Рафти ичрои бандҳои асноди зикршударо шарҳ дода, Ғ.Собирзода афзуд, ки  дар маркази шаҳри Турсунзода 67 кӯчаву 3270 хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд буда, ба ҳолати  6 апрели соли ҷорӣ 1498 хона, ё ин ки 45,8 фоиз рақамгузорӣ шудааст.  Дар ҷамоатҳои деҳот 127 деҳа мавҷуд буда, рафти номгузорӣ ва рақамгузории деҳаҳо 64,9  фоизро ташкил медиҳад

         Ҷиҳати иҷрои қарори  раиси шаҳри Турсунзода аз 6 марти  соли 2017, №224 шартномаи сетарафа байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Раёсати Агентии омор ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” оид ба таҳияи нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаи шаҳр ба имзо расида, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Лоиҳаи харитаи схематикии шаҳр омода ва барои мувофиқа ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Турсунзода дар соли 2020  дар буҷети соли ҷорӣ 174 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида,  дар доираи он нақшаҳои пешбинигардида амалӣ мешаванд.

        Баъдан вобаста ба масъалаи рӯзнома музокирот ва мубодилаи афкор сурат гирифта, Абдуқодир Вализода ҷиҳати беҳтар намудани некӯаҳволии сокинон ва бартараф намудани камбудиҳо масъулинро вазифадор намуд. Хусусан таъкид гардид, ки аз ҷониби масъулин ҷиҳати  саноатикунонии босуръати мамлакат дар самти баланд бардоштани маҳсулоти саноатӣ ва сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ иҷрои пурраи қисми даромади буҷет, саривақт ҷамъоварӣ гардидани маблағи истифодаи нерӯи барқ об ва хизматрасониҳои коммуналӣ, мароқи ҷиддӣ зоҳир гардад.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *