Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ  раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ба ифтихори Рӯзи модар

print

Модарону бонувони  арҷманд,
Хоҳарон ва фарзандони азиз
,

Дар Тоҷикистони азизи мо таҷлили  Рӯзи модар ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ  ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар арзёбӣ мегардад.  

Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат  ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили  Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.

Аз ин рӯ, бо эҳтиром ва самимият фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони шаҳрамон табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно менамоям. 

 Модарону бонувони  арҷманд,

Модар аввалин шахсест, ки бо шири пок ва меҳрубонӣ дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Аз ин рӯ, барои халқи мо Модар муқаддасу маҳбуб, шоистаи  мақому манзалат, ҳурмату эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.

   Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Шахс нахустин дарси худшиносиро аз модар меомӯзад ва бо суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.  Ба забон гирифтани номи Модар қалбро ҳисси гуворо бахшида, меҳри Модар сарчашмаи илҳоми шоирон, нерӯи бозӯи паҳлавонон, ҷасорати ҷавонмардон арзёбӣ мегардад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат модарону бонувон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому мартабаи шоистаро соҳиб гардиданд.  

Бо мақсади боз ҳам боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа,  ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, рушди оила, сиҳатии модару кӯдак,  фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарикунанда як қатор  барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, амалӣ мегарданд.

Маҳз бо шарофати ғамхориҳои муҳтарам Пешвои миллат дар баробари ҳазорҳо бонувони фаъоли мамлакат  бонувону духтарони шаҳри Турсунзода дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  кору фаъолият намуда, баҳри шукуфоии Ватан саҳми худро мегузоранд.

Дар фарҳанги миллати мо оила арзиши гаронбаҳо, омили асосии солимии ҷомеа ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор рафта, нақши модар ҷиҳати инкишоф ва камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли таърих тарбиятгари фарзандони хирадманд, ватандӯсту созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ идома мебахшад.

Модари тоҷик баробари тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ободии кишвар нақши муҳим дорад.     

    Модарону хоҳарони азиз,

Ҷашни модарон дар рӯзҳои омодагӣ ба Наврӯзи хуҷастапай таҷлил гардида, модарону  бонувони мо аз қадим дар остонаи ид хонаву дар, сару либос, асбобу ашёи рӯзгори  худро тозаву озода карда,  Наврӯзи оламафрӯзро бо меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегирифтанд.  

Бо пешниҳоди муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.  Ҳадафи асосии ин иқдом рушди деҳот ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.

Итминони комил дорем, ки модарону хоҳарони шаҳри мо  дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат, иҷрои нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ободии Ватан саҳми муносиб мегузоранд.

Бо чунин умеду орзуҳои нек Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ- Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, тандурустиву саодатмандӣ, сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори осуда таманно дорем.

Идатон  муборак, модарон ва бонувони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *