Фарҳанг

ЧАКОМАИ ГЕСУ МУАРРИФИГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

print

Бо шарофати  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расму оин ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон эҳё гардида, фарҳанги миллӣ рушду такомул ёфта истодааст. Аз ҷумла, баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ»  аз чорабиниҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади  муаррифии сару либоси миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, ороишу парвариши мӯй, намоиши гесӯи дароз дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Фестивали навбатии «Чакомаи гесӯ» соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва бахшида ба солҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ба муносибати  Рӯзи Модар баргузор шуд.

Дар баробари занону бонувони дигар манотиқи кишвар дар фестивали мазкур гулдухтарон ва модарони шаҳри Турсунзода низ фаъолона иштирок намуданд.

Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки на танҳо гесӯвони дарозро тарғиб, балки ҳисси зебоипарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву пос доштани арзишҳои миллиро дар замири занон вусъат мебахшад. Аз ин рӯ бонувон ва занони фаъоли шаҳр дар фестивали ҷумҳуриявӣ  бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, бо Дипломи Кумитаи тадорукот қардонӣ шуданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани барномаи фарҳангии шаҳри Турсунзода ҳунармандони шуъбаи фарҳанг, омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорону шогирдони МТМУ№12 саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати қадрдонӣ шудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо Диплом саҳми муносиби худро гузоштанд.

Боиси қайд аст, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» ба занон ва бонувони кишвар имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои норавшани парваришу ороиш ва пардози рӯю мӯй, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандиро омӯхта, онро ба насли ҷавон омӯзанд ва тибқи он амал намоянд.

ФАХРИЯ ТАҒОЕВА,

мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Турсунзода

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *