Хабарҳо

ПЕШГИРИИ ГАРДИШИ МАВОДИ МУХАДДИР КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

print

 Дар кохи “Дӯстӣ”-и  шаҳри Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо иштироки роҳбарият ва мудирони шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони маорифу тандурустӣ  ҷавонони фавъол вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, ҳамзамон ба масъалаи пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мароқи зоҳир гардид.

Дар ибтидо  Шерхон Салимзода қайд намуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамасола чун қутбнамо ва роҳнамои мардуми сарбаланди кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими аҳамияти стратегидошта ироа гардида, нақшаҳи минбаъдаи ҳаёти сиёсиву фарҳангии мамлакатро муайян, ва сокинони кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят  менамоянд.

Зимни баромад директори Агентӣ дар бораи хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла вобаста ба таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда,  љалби љавонон ба хизмати Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар таъкид намуда, ҳозиринро ба мубориза алайҳи падидаҳи номатлуб даъват намуд.

         Зимни музокира ҷавонони фаъоли шаҳр изҳор доштанд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб мубориза бурда, барои пешрафти Ватан ба иҷрои хизмати арзанда ҳозиранд.

Дар охир раиси шаҳр Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масъалаҳоест, ки муборизаи  дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Комиссия ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир” амал намуда, ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии он мунтазам дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Илова ба ин ҳамасола чорабиниҳои зиддинашъамандӣ ба нақша гирифташуда, байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои оммавию варзишӣ гузаронида мешаванд.

Ин масъалаи муҳим ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат низ махсусан дарҷ гардида, масъулияти моро вобаста ба мубориза бо  ин вабои аср боз ҳам афзун мегардонад.

Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчун дастурамал ҳар яки моро ҳидоят менамояд, ки баҳри ояндаи дурахшони Ватан бо азму иродаи қавӣ бикӯшем ва бо ташаббусҳои созандаю меҳнати софдилона бунёдкориро  пеша намоем.

Дар фуроварди вохӯрӣ раиси шаҳр ҷиҳати баромади пурмуҳтаво ба Шерхон Салимзода арзи сипос намуда,  ба иштирокдорон таъкид дошт, ки мақсад ва муҳтавои вохӯриро дар маҳал ба сокинони ва кормандон расонида, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ва пешгирии нашъамандиву гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми муносиби худро гузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *