Нуқтаи назар

САОДАТИ МО ДАР ВАТАНДОРИСТ

print

Ватан сарзамини муқаддаст ва дӯст доштани он намунаи имондорӣ буда, Тоҷикистон барои ҳар як фарди меҳанпарвар азизу муқаддас аст. Саодати ҳар миллат дар ватандорӣ ва истиқлолият маҳсуб меёбад. Дар олам миллатҳои зиёданд, аммо на ба  ҳар яки онҳо Истиқлолият ва давлатдорӣ насиб гардидааст. Мо ифтихор мекунем, ки  Тоҷикистони азизи мо давлати соҳибистиқлол буда, миллати тоҷик соҳибдавлат аст. Мо ин неъмати бузургро қадр мекунем, аз соҳибватанӣ ифтихор дорем ва намегузорем, ки ҳар нохалафи ватангадо ба мисли наҳзатиҳои кабирипараст ба сӯи ин сарзамини муқаддас санги маломат занад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо аз Тоҷикистони биҳиштосо  ифтихор доранд, аммо на наҳзатиҳо.  Наҳзатиҳои бепаймон боз атрофи худ се-чор бепаймони дигарро ҷамъ карда, аз номи миллат сафсатахонӣ мекунанду моро оини давлатдорӣ омӯхтан мехоҳанд, дар сурате, ки тамоми ҳаракати онҳо дар эҷод кардани мухолифат миёни ҷомеа аст.

Аммо новобаста аз “аккоси сагон” Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз ба муваффақият ва дастовардҳо ноил гардида истодааст. Муҳимтарин аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дастоварди дигари мо дар он аст, ки мардум  зиндагии осуда дошта,  аз пайи меҳнати содиқона ва бунёдкорона аст.

Дар даврои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар роҳи бунёди роҳу пулҳои мошингузар, роҳҳои оҳан, нақбҳо, неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуданд. Аз љумла мањз дар ин давра қаламрави сепорчаи Тоҷикистон ба як кишвари воҳид табдил ёфт.  Ба фаъолият шуруъ намудани аввалин агрегати НБО “Роғун”  ба ҷаҳониён бори дигар собит намуд, ки тоҷикон миллати созандаву бунёдкор буда, ояндаи дурахшон дорад.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Пешвои миллат  дар ҷаласаҳои бузурги байналмилалӣ, давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.

Муҳтарам Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.

Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи мураккабу ҳассос қарор дошта, мо низ чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иттиҳоду ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.  Вазифаи ҷонии мост, ки  ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи мо таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда  намомем.

Аз ин лиҳоз, аз ҳар фарди Тоҷикистон даъват ба амал меоварам, ки сафсатаҳои наҳзатиҳоро, ки аз ҳар кунҷи Аврупо садо баланд кардан мехоҳанд, гӯш наандозанд ва баҳри фардои дурахшони Ватан хизманди арзанда ва меҳнати софдилона намоянд.

БЕҲЗОД ҶУРАЕВ,

мудири бахши ҳифзи иҷтимоии

 аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

 давлатии шаҳри Турсунзода 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *