Нуқтаи назар

ИРОДА ВА АҚИДАИ  НОУСТУВОР – ОМИЛИ  КАҶРАВИҲОСТ

print

          Возеҳ аст, ки зиндагии шоистаи одамон ҳамеша ба оромӣ дар ҷомеа вобаста аст.   Бо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ, ки  моҳияти ин ду чиз барои мардуми тамоми дунё неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин маҳсуб меёбанд, Ҳукумати Тоҷикистон низ ҳадафи асосии сиёсати давлатдориро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷикистонӣ ва таъмину ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеаи кишвар равона намуд, то дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатамон аз ҳар гуна хатарҳои барои пояи давлатдорӣ  ва миллат осебовар ҳифз гардад.       

      Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни муроҷиатҳои худ ба мардуми кишвар  бо ифодаи таъкидӣ  баён доштанд: «Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани  суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».  Ҷойи дигар зимни муроҷиаташон ба мардум дар  ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон аз ҳадафҳои  муҳими давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Имрӯз аллакай ҳама огоҳем, ки бо ғаразҳои сиёсӣ ва бо истифода аз номи дини ислом ихтилофандозии миёни мазҳабҳо роҳандозӣ шудааст. Бо чунин ихтилофандозиҳо аллакай дар якчанд давлатҳои исломии ҷаҳон, ки дар ҳолати рушду нумуъ буданд, оташи ҷанги мазҳабӣ сар зад. Сарзамини обод харобазор, мардумаш бехонумон ва бегуноҳони зиёд кушта шуданд. Ҳаводиси давлати Сурия имрӯз нишонае аз чунин ихтилофандозиҳост. Паси ин амалҳо бешубҳа онҳое истодаанд, ки дар ниҳод аслан ғарази сиёсӣ,  мақсади ҷоҳталабӣ ва дунёхоҳӣ дошта, вале бо истифода аз номи дини ислом, бо баҳонаи ба ҳам зид гузоштани мазҳабҳо мусалмонро муқобили мусалмон гузоштанд ва ин амалро бо шарҳ додан  ҳамчун дифоъ аз дини ислом  ташвиқ карданд.  Ва хуб  ҳам медонем, ки то чанд соли охир мардуми мо дар доираи ҳамон як мазҳаб-мазҳаби ҳанафӣ эҳтиёҷоти диниашонро қонеъ мекарданд. Вале пайдоиши равияҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва ақидаҳои ғайр дар кишварамон  хавфи  ҳолатҳои гароиши  мардум ба  ин ақидаҳои бегона ва равияҳои бегона  хавфи пайдоиши ихтилоф дар миёни мардуми кишвар ва таъсир расонидан ба пояи давлатдориамонро ба миён оварданд.  Суоле матраҳ мегардад, ки сарчашмаи чунин гароишҳо ва  вуруди ақидаҳои бегона ба зеҳни мардуми мо аз кeҷо сарчашма гирифт?   Аз амали ҳамон нафароне, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имкони равуо ба хориҷа фароҳам шуда, онҳо ба дигар кишварҳо рафтаву ин ақидаҳоро ба кишвар оварданд. Яъне ин ҳамон нафароне, ки бо иродаи суст ва ақидаи ноустуворашон фирефта ва бархе фурӯхтаи душманони дину мазҳабамон  шуда, аз мазҳаби худ берун шуданду бо дастури «хоҷагон»-и хориҷиашон миёни мардум бо ҷорӣ намудани ақидаи ғайр ихтилофҳо ба вуҷуд оварданд. Яъне  баъзе аз ҷавонони мо барои гирифтани илм ба хориҷа рафтанду аз он ҷо илм не, ақидаҳои бегонаро бо худ оварданд. Бале, на ҳамаашон. Ҳолатҳое шуданд, ки ҷавонони мо бо баҳонаи гирифтани таълимоти динӣ ба хориҷи кишвар рафтанду ба равияҳо, хизбу ҳаракатҳои ғайрисуннативу ифротгаро гаравиданд.  Боз суоле ба миён меояд, ки чӣ омилҳо муъҷиби ҳаваси ҷавонон барои  таҳсил дар таълимгоҳҳои динии хориҷ аз кишвар шуданд?

          Бо назар кардан ба  масири солҳо аён гашта, ки ин тамоил пас аз давраи нобасомониҳои солҳои 1997-2000-ум  ибтидо гирифтааст. Зеро ин солҳо  дар кишварамон  марҳилаи барқароршавӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва шароит барои гирифтани таълимоти динӣ чун имрӯз дар сатҳи комилу низоми мураттаб қарор надошт.  Дар  раванди  сиёсати печидаи он солҳо давлати ҷавону захмин  имкони фарогирии ҳамаро -тарҳрезии дурнамоҳо, назорати иҷро, санҷиш, таҳлили воқеиятро надошт: барои ҳукумати ҷавон таъмини амнияти мардуми кишвар ва дастурхони онҳо аввалдараҷа буд.  Дар асл фарқияту бартариятҳо миёни таълимгоҳҳои кишварамон ва хориҷ гарчанде  ночиз буданд, вале дар қиёси шароити онвақта ба назари толибилмон шояд бо дарназардошти осоиштагии вазъи ҷомеаи он кишварҳо ин тафовутҳо зиёд менамуд. Аз  гуфтаҳои  собиқ толибилмоне, ки дар хориҷ буданд, бармеояд, ки бартариятро, ки аслан дида намешуданд, ба ҷузъ он, ки толибилм як сафаре ба хориҷи кишвар анҷом медиҳад, яъне дунёро мебинад. Албатта усули таълим  дар ҳар  таълимгоҳ чӣ  дар хориҷу чӣ дар кишварамон аз ҳам фарқ доранд. Вале таълимот дар ҳама ҷо-дар хориҷу дар кишварамон дар доираи шинохти ҳамон як дини ислом сурат мегирад.  Чуноне яке аз собиқ толибилми ба ватан баргашта баён дошт,  фарқиятҳоро ӯ дар  руҳияву кайфияташ эҳсос  кардааст:  ӯ дар хориҷ мусофир ва дур аз наздикону пайвандонаш буд, маҳрумияти дидори азизон, ёди Ватан … Дар кишварамон бошад,  ҳини таҳсил  ин маҳрумиятҳо заррае дар эҳсоси ӯ ҷой надошт: дар Ватани худ, канори наздикону пайвандон, шароити таҳсил фароҳам, дар хурду хӯрок, пӯшок маҳрумиятҳо нест. Модоме дар ҳарду –хориҷу  Ватан метавон ҳамон як чизро ба даст овард, пас чаро худро ба маҳрумиятҳо гирифтор кардаву барои гирифтани таълимоти динӣ ба хориҷи кишвар бираванд?  

       Вале имрӯз боз ҳам  ҳастанд ҷавононе, ки ин ҳама шароитҳоро нодида гирифта, дар сар ҳавои рафтан ба хориҷи кишвар барои гирифтани таълимоти динӣ доранд. Раванди рафту баргашти онҳо ва тафсилоти сафари онҳо собит намуда, ки ин ҷавонон дар асл талош барои гирифтани илм не, балки ана ҳамон ҳавову  ҳаваси ба хориҷа рафтанро доранд. Вагарна барои гирифтани таълимоти динӣ дигар дар кишварамон ҳама чиз муҳайёст: таълимгоҳ, устодон, шароити таҳсил… Рафтани ҷавонон  ба хориҷи кишвар барои гирифтани таълимоти динӣ  танҳо ҳавою ҳавас аст.

       Ана ҳамон ҷавононе, ки имрӯз бо сари пур аз ҳавою ҳавас, вале  бо ақидаи ноустувор барои гирифтани таълимоти динӣ ба хориҷа мераванд,  зуд таҳти таъсири дигарон аввал ақидаашон  ва баъдтар мазҳаби худро  тағйир медиҳанд, фирефта шудаву таҳти таъсири мубаллиғон ба равияҳои  ифротӣ ва экстремистӣ майл  мекунанд,  бо баҳонаи ҷиҳод ба майдонҳои ҷанг кашида мешаванд.

          Имрӯза ҷангу муноқишаҳои давлатҳои исломӣ, ки ба майдонҳои он мардуми ноогоҳ, фирефташудаву фурӯхташуда бо баҳонаи ҷиҳод  кашида шуданд, аслан ҷиҳод нест, балки манфиатхоҳӣ аст, ки бар асари ғаразҳои сиёсӣ ва тибқи нақшаи тарҳрезикардаи манфиатҷӯён  барангехта шуданд. Чунин «ҷиҳод»-ро мусалмонони ҷаҳон ба сифати ҷиҳод  напазируфтаанд, баръакс алайҳи онҳо фатво доданд. Аз ҷумла, дар кишвари мо низ фатво дода шуд, ки агар нафаре аз мусалмонон дар чунин муноқишаҳо иштирок намояд, ҷумлаи мусалмонони кишварамон  нест. Зеро ҷиҳод аслан амалест, ки ҳар ҳаракати он барои некӣ ва хушбахтии инсон бардошта мешавад.

         Ҳар  яки моро мебояд, бо мақсадҳои нагаравидани фарзандон ва  пайвандонамон ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва он аҳзобе, ки онҳоро ба гумроҳиҳо мебарад, таълими ибтидоии диниро аз худи оила сар кунем: намоз, покӣ, дуои нек нисбат ба дигарон, худошиносӣ ва ниҳоят  худшиносиро ба онҳо омӯзем.  Ба дарки онҳо бояд расонид, ки  ҳатто назари  ислом ба илму илмомӯзӣ  эҳтиромона аст. Аз  нигоҳи ислом илм низомест, ки басо манфиатнок:  дунё хоҳӣ – илм омӯз, охират хоҳӣ – илм омӯз, ҳардуро хоҳӣ – илм омӯз.  Яъне дар ҳар ҳолат бояд илми комилро омӯхт, илми беғаразро. Бо гирифтани илм бояд инсоне  шуд, ки ӯро ҳамчун инсони комил – мусалмони комил шинохт.  Фарзандони мо бояд  бо фаросат дарёбанд, ки  танҳо илми комил ва ақли солим касро оқил мегардонад  ва  илм роҳнамо мегардад, ки  инсонҳо хубро аз бад ва сафедро аз сиёҳ фарқ  карда тавонанд, ба бадиҳо майл накунанд.

       Агар се унсури тарбияи фарзандони мо комилу солим ва солеҳ  бошад,  ҳатман онҳо аз ҳар роҳи ғалату иштибоҳ, калавишҳо эминанд. Ин унсурҳо падару модари намуна, устоди фозил ва ҳамнишини хуб мебошанд. Яъне агар аз ин ҳама фарзандони мо бархӯрдор гарданд, бешубҳа дар тарбияи онҳо ноқисие  нахоҳад буд. Бо гирифтани маъно аз ин гуфта бармеояд, ки барои муваффақ шудан дар тарбияи фарзандон, эмин доштани ҷавонон аз калавишҳо дар дину мазҳаб ва ақида падару модар, мактабу маориф ва муҳиту ҷомеа масъулияти баробар доранд. Ходимони дин ва устодони таълимоти исломи ноб бошанд, дар тақвияту устуворсозии ақидаи динӣ ва мазҳабамон  дар мафкураи ҷавонон, иттиҳоду ваҳдати миёни мусалмонон нақши калидӣ доранд.

                    Муистон АЗИЗОВА,

                      раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *