Хабарҳо

РӮЗҲОИ МАҚОМОТ ДАР ДЕҲОТ

print

Дар асоси Амри раиси шаҳри Турсунзода аз 28 январи соли 2019, №21 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» гурӯҳҳои корӣ  аз деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов дидан намуданд.

        Бо мақсади иҷрои амри мазкур 18 гурӯҳ иборат аз 180 нафар таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мутахассисони дастгоҳи ҷамоати деҳот раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолон шомил гардиданд.

Дар рафти кор намояндагони гурӯҳҳо дар тамоми деҳаҳо аз вазъи сиҳатии шахсони муътабар, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар гирифтанд. Инчунин барои аз муоинаи тибӣ гузаштани онҳо дар маҳал «Корвони саломатӣ» ташкил карда шуд.

Дар давоми кор ҳолати муассисаҳои таълимӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифта, ба масъалаи таъмини барномаҳоии таълимӣ, иҷрои Қонуни забон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, тозагӣ, ободонӣ, ҳамкории ассотсиатсия волидайну омӯзгорон, рафти зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Таъмини кафолатҳои тиббии давлатӣ  ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи  тандурустӣ низ аз ҷониби гуруҳҳои корӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо аз ҷониби масъулини соҳа тавсияву дастурҳо дода шуд.

Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти клубу китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, масҷидҳо, комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ бо масъулини ин самт суҳбатҳо доир гардид.

Сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои тозагию ободонӣ, ташкил ва гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал – 2019» ободониву кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳо равшаннокии кӯчаҳо,  аз масъалаҳое буданд, ки дар ин самт низ корҳи таблиѓотӣ баргузор ва ҳашарҳои дастаҷамъона роҳандозӣ гардид.

Дар ин радиф аз ҷониби гурӯҳҳо бобати самаранок истифода бурдани замин, таъмини сохтори кишт, пардохти саривақтии андозҳо, истифодаи об ва барқ миёни аҳолӣ ва хоҷагидорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифт.

Дар қатори чунин корҳо ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони дастгоҳи раиси шаҳр кору фаъолияти дастгоҳи ҷамоат мавриди таҳлил қарор гирифта, вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавсияҳои судманд дода шуд.

Рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода давоми ду моҳ идома меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *