Суханрониҳои раис Хабарҳо

НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2018

print

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар соли 2018 ҷиҳати баланд бардоштани иқтисодиёт ва рушди соҳаи иҷтимоии шаҳр аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба чунин натиҷаҳо ноил гардид.

Дар соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 10 Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 61 Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 175 бандҳои супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 918 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 531 супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1574 мактубҳои ноҳиявӣ (дохилишаҳрӣ), 230 барқияҳо,  дар маҷмӯъ 5730 аризаҳои шаҳрвандон ворид шудааст.

Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 1432 қарор ва 190 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб расонида шудаанд. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рўзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 514 нафар шаҳрванд оид ба масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, 103 муроҷиати дигар аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Дар умум 5730 арзу шикояти шаҳрвандон оид ба мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

Мазмуни муроҷиат Соли 2018 Соли 2017
Арзу шикоятҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 103 113
Оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 507 946
Оид ба таъмин гардидан ба шаҳодатнома дар бораи бақайдигирии давлатӣ 698 1651
Оид ба сохтмон 63 31
Оид ба ташкили хоҷагии деҳқонӣ 71 137
Оид ба ташкили хоҷагии ёрирасон 0 0
Оид ба навбат гузоштан ба сафари ҳаҷ 141 178
Оид ба расонидани кумакҳои моддӣ 841 1208
Оид ба кабули иншоот 128 168
Оид ба дигар масъалаҳо 2664 2050
Қабули раиси шаҳр   (муроҷиатҳои шифоӣ) 514 163
          Ҳамагӣ: 5730 6645

Дар давраи ҳисоботӣ 5 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 49 масъалаҳои дахлдор баррасӣ шуда, 86 қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.

 Иҷрои буҷет

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо чораҳои зарурӣ андешид.

Дар давраи ҳисоботӣ буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет  149,6 млн. сомонӣ ворид шуд.

Бақияи қарзи андозҳо 5 млн. 162 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 537 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Қисми хароҷоти буҷет вобаста ба иҷрои қисми даромад амалӣ шуда, ба андозаи 98,1 фоиз таъмин шуд.

 

Шуғли аҳолӣ

Дар давраи ҳисоботӣ 1542 нафар бекор ба қайд гирифта шуда, 883 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногун бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин ва 14126 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

 Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар шаҳр  22939 нафар нафақахўрон ба қайд гирифта шуданд, ки талаботи солона барои пардохти нафақа 82 млн. 584 ҳазор сомониро ташкил дода, пурра маблағгузорӣ гардид.

 Низоми бонкӣ

Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллие, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, тавассути филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд 951  млн. 295,8 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд дар соли 2018 ба 20397 нафар ба маблағи 182 млн. 659,5 ҳазор сомонӣ  қарзҳои хурд ҷудо карда шуд,  ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,7 млн.  сомонӣ  зиёд  мебошад.

 

Соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 826,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 107,5 млн. сомонӣ, ё ин ки 12,6 фоиз зиёд мебошад Дар соли 2018 маҳсулоти истеҳсолнамудаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 404,9 млн. сомонӣ буда, 1,2 фоиз зиёд гардид, аммо бо вазни қиёсӣ бошад,  95,8 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол шуда, 7,3 ҳазор тонна кам  мебошад.

  Сохтмон

         Дар соли 2018 ҷиҳати сохтмони иншоот дар шаҳр як қатор корҳо иҷро шуд, аз ҷумла:

  Дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани беш аз 252 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар соли 2018- 52 тои он ба истифода дода шуд.

Соли 2018 тибқи нақша дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, аз ҷумла:

-2 бинои баландошёна иборат аз 88 ҳуҷра дар маҳаллаҳои сеюм ва чоруми шаҳр;

-растаи арўсиву домодӣ дар наврўзгоҳи “Баҳори Истиқлол”, маҳаллаи нўҳуми шаҳр;

– фаввора дар роҳи даврашакли маркази шаҳр;

– ангора ва мавзеи гулкорӣ дар роҳи даврашакли маҳаллаи панҷуми шаҳр;

-Маркази саломатии деҳавӣ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навобод;

– 57 синфхонаҳои иловагӣ дар 6 ҷамоатҳои деҳот;

– таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ дар 2 ҷамоати деҳот;

– 8 сартарошхона дар 4 ҷамоати деҳот;

– 2 китобхона дар дар 2 ҷамоати деҳот;

– 1 -майдончаи бозиҳои кўдакона дар маҳаллаи сеюми шаҳр;

– 2 толори варзишӣ дар 2 ҷамоати деҳот;

– 3 майдончаи варзишӣ дар маркази шаҳр;

– 3 нуқтаи хатнакунӣ дар 3 ҷамоати деҳот;

– 6 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр;

– 10 утоқи кории раисони маҳаллаҳо дар ҷамоатҳои деҳот;

– сардхона бо ғунҷоиши 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонов;

Инчунин дар таҷлили Рўзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор иншоот ба истифода дода шуданд, аз ҷумла:

– ифтитоҳи бинои хобгоҳ ва утоқҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода;

– ба истифодадиҳии кўпруки мошингузар дар байни деҳаҳои Сомониён ва Заркамари ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонов;

– ифтитоҳи сардхона бо ғунҷоиши 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонов;

– ангораи рамзии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар роҳи даврашакли назди корхона;

– 2 ҳамом дар 2 ҷамоати деҳот;

– 3 дорухона дар 3 ҷамоатҳои деҳот;

– 1 майдони хурди варзишӣ ва майдончаи  бозиҳои кўдакона дар маҳаллаи 1 – юми шаҳр;

– 3 истгоҳ дар маркази шаҳр;

– 1 нуқтаи фурўши сўзишвории муосир бо нуқтаи шустшўи мошинҳо ва мағоза дар ҷамоати деҳоти Навобод;

– 1 маркази хизматрасонӣ (мағоза, сартарошхона ва толори саққозанӣ) дар деҳаи Қипчоқи ҷамоати деҳоти Работ.

     Нақлиёт

Дар мувозинаи Муассиса нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 281,9 км. роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он:

– роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта – 28,7 км:

– роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ – 253,2 км:

Дар ин давра аз ҳисоби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 16,2 км таъмири мукаммал ва зиёда аз 78 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

 Энергетика

Дар давраи ҳисоботӣ 238,6 млн. кВ/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2017 ба 244,2 млн. кВ/соат баробар буд. Маблағи ҳисобшуда 36 млн. 498 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи пардохти он ба 33 млн. 892 ҳазор сомонӣ ё 92,8% баробар мебошад.

Талафоти қувваи барқ бошад, 13,5% мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 % кам мебошад.

Дар ин давра аз тарафи ҶСШК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” барои таъминоти хушсифат ва мунтазами барқ ба истеъмолкунандагон тайёрии хуб дида, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст, аз ҷумла дар хати ҳавоии 10/0,4 кВ ба миқдори 168032 метр симҳои лучи алюминӣ, оиқҳо ба миқдори 1820 адад, сарбанд ба миқдори 194 адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 190 адад иваз гардидаанд. Дар ҳамин давра шумораи истифодабарандагон ба 49548 адад баробар буда, аз ин 39526 адад ҳисобкунанкҳои электрониро истифода менамоянд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ),  хизматрасониҳои коммуналӣ ва барқароркунии системаи иншоотҳои обтаъминкунӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида, дар шаҳри Турсунзода ду лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст.

         Аз 31 октябри соли 2013 шартномаи сеҷониба дар бораи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода” ба имзо расонида, 9 апрели соли 2014 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҳаҷми маблағи умумии Лоиха 4,995 млн. доллари ИМА-ро ташкил медихад, ки аз он 2 млн. доллари ИМА дар шакли қарз, 2 млн. доллари ИМА дар шакли грант ва 995 ҳазор доллари ИМА кумаки техникӣ барои машваратчиён пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи Лоиҳа як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла:  

  • азнавсозии мошинсаройи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр, сохтмони нуқтаи сузишворӣ барои мошинҳои коммуналӣ, таъмир ва барқарорсозии 54 нуқтаи партовҷамъкунӣ, ки хонаҳои баландошёна ҷойгиранд ба маблағи 260000 доллар ;

– сохтмони партовгоҳи нави замонавӣ ба талаботҳо ва меъёрҳои қонунгузории экологӣ ва санитарии амалкунанда ҷавобгў, ки ба маблағи    1 млн. 417 ҳазор долари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, то инҷониб 68 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки то семоҳаи аввалӣ соли 2019 партовгоҳи нави замонавӣ пурра ба истифода дода мешавад. Инчунин сохтмони пули дарозиаш 21 метр ва пурра мумфарш намудани роҳҳои автомобилгард ба масоҳати 1600 метр ба маблағи 543 ҳазор доллари ИМА оғоз гардидааст. Азхудкунии маблағҳо ва фоизи иҷрои он аз оғози татбиқи лоиҳа ҳамагӣ  3 млн. 480 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ё ин ки ба 70 фоиз  баробар мебошад. 

 Айни замон дар шаҳр тадбиқи барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси созишномаи сармоягузорӣ миёни бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амилӣ гардида истодааст. Маблағи созишнома 6,8 млн. долларро ташкил дода, 4,5 млн. доллар ҳамчун грант ва 2,5 млн. доллар қарз мебошад ва барои хариди техникаю таҷҳизоти соҳавӣ, иҷрои корҳои таҷдиду барқарорсозии қубур, бунёди обанбор, кам кардани талафоти оби ошомиданӣ ва насби обченкунакҳо равона мегарданд. Ба ҳолати 1 январи соли 2019, 95 фоизи маблағи созишнома аз худ карда шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 597,8 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 470,4 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 127,4 млн.  сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2018 кишоварзони шаҳр  ғалладона – 38891 тонна, сабзавот –  92899 тонна, картошка – 8776 тонна, меваҷот – 5198 тонна, ангур – 25748 тонна ҷамъоварӣ намуданд. Дар хоҷагиҳои шаҳр 52 ҳазору 294 сар барра гирифта шуд, ки нақшаи баррагирӣ 96,3 фоиз иҷро гардид. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор – 74 ҳазору 747 сар, чорвои майда 182 ҳазору 772 сар, асп 756 сар ва парранда – 144 ҳазору 395 сар парвариш ёфта истодааст.

Вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар заминҳои лалмӣ ва таллу теппаҳо дар шаҳр дар майдони 11,7 гектар боғу токзорҳо бунёд гардид, ки аз он токзор 5 гектар ва боғ 6,7 гектарро ташкил медиҳад.

Соҳаи  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Дар шаҳри Турсунзода 138 муассисаҳои таълимӣ  фаъолият дошта, аз он 125 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Дар соли нави хониш 61631 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии хонандагон 29613 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии омўзгорон ба 4946 нафар расида, аз онҳо 4127  нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омўзгорон 2946  нафар маълумоти олӣ ва 1155 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ , 845 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2018» дар назди 47 муассисаи таълимӣ ва истироҳатгоҳи «Ширкент» 4550 нафар кўдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

 Айни ҳол дар шаҳр 5 муассисаи таълимии касіӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 4739 хонанда таҳсил менамоянд.

Барои  ҳифзи тандурустии аҳолӣ 5 беморхонаи бистарикунонӣ, 21 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ, 1 маркази саломатии шаҳр бо 29 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 хонаҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар соли 2018  беморхонаҳои шаҳр ба 23773  нафар беморон хизмати  тиббӣ расониданд.

Шабакаи Кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ муассисаи калонтарини табобатию профилактикии шаҳр ба шумор рафта, тавассути шабакаҳои васеи муассисаҳои бунгоҳию дармонгоҳӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар шаҳр Хонаи кўдакон ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон фаъолият доранд.

Мувофиқи маълумоти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 7574 таваллуд, 2792  ақди никоҳ, 1037  вафот, 397 қайди талоқ, 861  муқаррар кардани падарӣ сабт шудааст.

Дар шаҳр 1 хонаи фарҳанги марказӣ, 1 муассисаи кўдаконаи санъат, 2 боғи фарҳанг ва фароғатӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 2 клуби деҳотӣ, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ ва 3 ансамблҳо мавҷуд буда, дар он 185 нафар кормандони соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд.

Дар соли 2018 бахши ҷавонон ва варзиш 225 чорабинӣ, аз ҷумла 79 суҳбату мулоқот ва семинар-машварат, 74  чорабинии варзишӣ ва 52  чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  388  медал, аз ҷумла 147 медали тилло, 94  медали нуқра ва 147 медали биринҷӣ ба даст оварда шуд. Инчунин аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 69 медал, аз ҷумла 26 медали тилло, 17 медали нуқра ва 26 медали биринҷи ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби бонувони фаъол, занони рўзғордидаву собиқадор, раисони маҳалла, шўроҳои занони шаҳру деҳот ва бахшу сохторҳои мақомоти иҷроия комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 56  суҳбату вохўриҳоро дар мавзўъҳои пешгирии ҷудошавӣ ва зуроварӣ дар оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоспушӣ гузаронида шуд.

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии сарфу хароҷоти барзиёд ҳангоми гузаронидани маросимҳои милливу динӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулин тавассути васоити ахбори омма 77 баромад гузаронида, дар нашрияҳои маҳаллӣ оид ба муҳтаво ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иҷрои амалҳои хайру эҳсон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, назари ислом ба масъалаҳои хушунат ва зуроварӣ дар оила ва тарғиби фарҳанги либоспушӣ 48 мавод ба табъ расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 4841 тўйи домодиву арусӣ, 173  маросими чил ва 153  маросими сол ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмўъ 5167  маърака гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1146 адад кам мебошад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСНЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *