Хабарҳо

Сатр аст дигар маънии афкори хурофи

print
Њар маротибае, ки душманони миллату  давлати тољикро нањзатї ва ё ба доирањои нањзат надик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на њамаи онҳо  ба нањзат иртибот доранду иљборан онњоро ба ин гурўњи мољарољў ва ифротгаро шомил месозам. Аммо ҳамин ки матолиби иѓвогаронаашон  интишор меёбанд, яќин мекунам, ки онњо аз тафаккури нањзатї болотар андешида наметавонанд. Далел њамин мавзўи сатр аст, ки дар саргањи таълимоти нањзатї ќарор дорад. Њарчанд ки дар доирањои ѓарбї масъулини  нањзатї аз демократия ва озодї њарф мезананд ва рањбари фирории он аз тариќи минбарњои аврупої дар ин замина доди сухан медињад, дар умќи андеша сатру маромимоти фарсудаи мазњабї нуњуфтаанд.   Ин љо (манзур доираи фањмишу биниши намояндагони нањзатї дар назар аст) демократия ва озодї наќше надорад. Матлаби ахирии созмони ифротии “Гурўњи 24” тањти унвони «Поймолшавии Сарќонуни Љумњурии Тољикистон бо роњи нав» ин иддаоро собит месозад.

Дар пушти Сарќонун пинњон шуда, даъвифурўшї кардан  дигар ба кори рўзмарраи доирањои хушкандеше мисли Гурўњи 24 табдил ёфтааст. Сарќонун тадбирњоеро алайњи хурофотиёну љањолатписандон низ пешбинї кардааст. Дигар, Сарќонуни мо низоми давлатдории дунявиро пуштибонї мекунад, на низоми динї-мазњабиро. Бо такя ба Сарќонун, њар нафаре, ки зидди арзишњои дунявї мебарояд ва хурофотро ба унвони меъёри зиндагї ошкоро тањмил менамояд, муљрим шинохта мешавад. Давлати дунявї, аз љумла Тољикистон њаќќи тасмимоти љиддиро дар ќиболи риёкорињои мазњабї дорад. Бинобар ин, аз сатру њиљоб сўйистифода накунед, љанобони Гурӯҳи 24! Гузашта аз ин, њодисањое, ки чанд сол ќабл дар Фаронса рух дод, ин иддаои нањзатиро ботил месозад. Дар Фаронса озодињои тамоми нажоду халќиятњо  риоят мешавад, вале баъзе бонувони мусалмон ин озодиро тањриф карда, сатру њиљобро риёкорона ба сар карданд ва мардуми Фаронса маљбур шуд, ки пеши роњи ин навъ риёкориро, ки тањти таъсири гурўњњои ифротгаро ва радикали исломї ќарор доштанд, бигирад. Бубинед, Фаронса як аз кишварҳои демократитарини љањонист ва замоне ки дарёфт бо ифротгаройии мазњабї дар ќолаби даъвифурўшињои занони мусалмон мувољењ шудааст, роњкорњоро дигар кард ва бо фишори мардуми Фаронса ба сатру њиљоб посухи ќонунї дод. Дар љомеаи мо сатр ба сифати муди мазњабї ва њатто  иддаои динї-исломї роњандозї гардида, занонро сироят карда истодааст. Агар давлат ва маќомоти марбутаи давлатї сари ин масъала бо љиддият андеша накунанд, баъд дер мешавад. Он чи ки Гӯруҳи-24 интишор додааст, риёкорие беш нест. Магар давлат ва халќу мамлакат бо сатру њиљоб обод мешавад? Њанўз Мавлоно Љомї риёкории мусалмононро мавриди интиќоди шадид ќарор дода, дар «Бањористон»  њушдор дода буд:

Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,

В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.

Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,

К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!

Аммо гўши ношунавои Гурўњи 24 фармудаю њушдорњои бузургони илму дини тољикро нодида мегирад ва танњо назари хушку пўсидаи хешро асли дин ва мазњаб медонанд ва мардумро тањти фишори идеологї ва сиёсию мазњабї ќарор медињанд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24 аз тариќи матлаб сатрпўширо рамзи диндорї, таќводорї ва имондорї талаќќї намудааст. Охир, сатрпўшї имрўз муд шуда, њар кию њар чї ба хотири риёкорї ва худнамої, ки одати аксари кулли рўњонияти муњофизакор ва мутаассиб мебошад, дар ќолаби сатри мусалмонї љилва мекунад ва ба дигарон, минљумла занону бонувон мефањмонад, ки зан бояд чї гуна бошад. Иффат, покї, беолоишї ва таќводориро танњо дар зоњир – пўшидани сатр дидан ва бад-ин минвол худро миёни ањли љомеа љилва додан аз мушаххасоти кори тоифаи махсус шудааст.

Аз назари психологї, сатрпўш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигарон (занону духтарон дар назар аст)-ро дар баробари худ ноќис ва бељогард нишон медињад. То он даме ки дигар занон сатр напўшанд, онњо дар назари ин ашхос нопок,  кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин аст маънои рамзї-символикии сатр аз нигоњи илми равонковї. Ба ин маъно, сатрпўшон, аксаран огоњона ва дидаю дониста алайњи соири занњои берўсарї ќиём мекунанд ва даъвї мефурўшанд. Ин аст, ки ин гуна занњо, ки огоњона ва њадафмандона сатр мепўшанд ва миёни љомеа љилва мекунанд, пеш аз њама, даъвї пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар менамоёнанд. Дар асл, онњо бо шакли намоишї симо ва амалашонро демонстратсия мекунанд ва таблиѓоти динї-мазњабии маќсаднокро анљом медињанд.

Дар баробари ин тоифаи муздур ва љањолатгаро давлат ва хукумати дунявї чорањо меандешад ва агар чорањои зарурї андешида нашавад, он метавонад дигаронро сироят кунад ва љомеаро ба ноамнию бесуботї бикашонад. Низоми дунявї њамин навъи талаботро дар баробари худнамоию риёкорињои динї-мазњабї, ки оќибати хатарбор доранд, мегузорад. Ин њуќуќи низоми давлатист. Шумо хуб медонед, ки дар давлатњои низоми кўхнаи динидошта сатр иљборист ва њар зане ки ба ин мадрак тобеъ нест, муљозоти сахт мешавад. Чаро имрўз талаботи давлати дунявиро, ки Тољикистон дар масири он гом бардошта истодааст, нодида мегирем ва аз худ «ќањрамон» метарошем. Бас аст худнамоию  риёкорї!

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *