Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифратгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой додани идеологияҳои мазҳабии худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ингуна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо бо айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангез ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ва «хизмат ба дин» анҷом медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дороии хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва ба таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 30-сола ва дар маҷмуъ, иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстреместӣ замина гузоштаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқадасот аҳамият надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳакорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷаъмият барои пешгирӣ ва муборизаи зидди ҷиноятҳои трасимиллӣ зарур аст. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо мақсади пешгирии зуҳоти номатлуб миёни аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам баргузор мегарданд. Хусусан ин гуна суҳбатҳо дар ҳамкорӣ бо уламои дин, нозиротни минтақавӣ, шахсони барӯманду рӯзгордида, ҳамчунин раисони кумитаҳои маҳалла хусусан бо шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, доир мегардад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои тарроризми байналмилалӣ ва амалиётҳои ҷангӣ аз ҳар фарди худогоҳи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи доимӣ дошта бошад. Мубориза алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор омили пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб ёфта, сулҳу амният ва нболоравии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин менамояд. Раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова
Сабтҳои охирин
«АНТИДАЛЕЛ»-ҲО БА ДАЛЕЛҲОИ САРВАР АМИРОВ
Як панди машҳуре ҳаст: «Агар рақиб айбатро наёбанд, пас мегӯянд, ки думи сагат каҷ будааст». Воқеан ҳам ҳамин тавр будааст. Нотавонбинон чандин «вариантҳоро» имтиҳон карданд, то суботу оромии мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд, вале натавонистанд. Акнун «варианти навбатиро»-ро пеша карданд – варианти афрухтани низоъ миёни гурӯҳҳои этникӣ ё аққалиятҳои миллӣ. Суҳбати «Памир Дейли Нюз»-ро бо Сарвар […]
БАР ВАТАН САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕД!
Имрӯзҳо мо аз сомонаҳои интернетӣ хабардорем, ки нисбат ба сиёсати давлат ва ҳатто нисбат ба шахсиятҳои бузурге, ки баҳри давлату миллати хеш ҷонфидо ҳастанд, аслан ба Президенти мамлакати мо, шахсе ки давлати соҳибистиқлолро бунёд кард, ҷони худро барои ободии халқу Ватани азизи хеш дареғ надошт- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ мӯхтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ […]
ТАМОКУКАШӢ – ЗАРБА БА САЛОМАТӢ ВА БУҶАИ ОИЛА
Тамоку ва зарари он. Дар ин хусус маротибаҳо мутухассисону табибон ва олимон гуфтаанд ва мегӯянд. Бо далелу исботҳо. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо сабаби тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар мемиранд. Заҳри тамоку ба сар задани бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайра омил мешавад. Даҳшат! Дар ҷумҳурии мо теъдоди сигоркашу […]