Хабарҳо

Дар Хоруғ чӣ гап шуд? ҷузъиёти тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал Хуршед Муҳаммадзода

print
Дар Хоруғ чӣ гап шуд? ҷузъиёти тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал Хуршед Муҳаммадзода
Дар саҳифаҳо ва гуруҳҳои тарафдорони ҳукумат дар шабакаи Фейсбук бо истинод ба «Панҷшанбе Олуев, сокини шаҳри Хоруғ» ҷузъиёти нафи тирпарронии шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ, ки боиси ҷароҳат бардоштани ду сокини маҳаллӣ гардид, нашр шудааст.

«Панҷшанбе Олуев» фарзияи чопшуда дар сомонаи «Фарғона»-ро рад мекунад, вале дар айни замон ширкати генерал-майор Хуршед Иззатулло Муҳаммадзода дар тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябрро тасдиқ мекунад. «Панҷшанбе Олуев» навиштааст, ки Муҳаммадзода ба хотири дифоъ аз худ аз туфангчаи травматикӣ истифода бурдааст.
«Панчшанбе Олуев» менависад, ки ба ӯ ҳамчун ба сокини Хоруғ муяссар шуд, ки ҳақиқати ҳолро аз дасти аввал ба даст биорад. Аммо ӯ шарҳ надодааст, ки манзураш аз «дасти аввал» генерал Муҳаммадзода аст ё дигар шоҳидони айнии ин ҳодиса?
Ӯ менависад:« Он бегоҳ дар назди тарабхонаи «Варқа», ки соҳибаш Толиб Аёмбеков аст ва он дар маҳаллаи «Турчид»-и УПД шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст, чун ҳамеша мардуми зиёд ҷамъ шуда буд. Дар ин вақт фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Изатулло Муҳаммадзода ҳамроҳи як мошини дигари кормандони ВКД ҶТ ин минтақаро дидбонӣ мекарданд. Вақте аз пеши тарабхона мегузаштанд, яке аз муштариёни тарабхона ба балони мошини ҳамроҳи Муҳаммадзода зада, ба унвони онҳо дашномҳои қабеҳ фиристод. Баъди инХуршед Изатулло шишаи мошинашро пойин карда, аз онҳо хост, ки ором шаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. Вале рафтори хашмгинона идома ёфт ва сипас чанд нафар ба тарафи мошини генерал ҳаракат карданд. Сипас, Хуршед Изатулло Муҳаммадзода аз мошин баромада, бори дигар аз онҳо хост, ки ором шаванд ва ба мошин наздик нашаванд. Вале 5 ҷавон дар даст ашёҳои номуайян ба тарафи генерал давиданд. ФармондеҳиОМОН Хуршед Изатулло Муҳаммадзода тибқи талаботи қонун дар бораи дифоъ аз худ аз силоҳи ҷангӣ истифода набурд, ҳарчанд ҳақ дошт, чунки онҳо 5 нафари мусаллаҳ буданд. Ӯ аз силоҳи травматикӣ истифода бурд ва ин ҷавонони сархушро, ки мехостанд корманди давлатро ҳангоми иҷрои вазифааш бадном кунанд, манъ кард. Аз ин фактҳо метавон танҳо як хулоса баровард, ки бархе ашхос ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ хулосаи дуруст набаровардаанд ва ба таҳрик додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи худ ҷиҳати барқарор кардани тартибот дар шаҳри Хоруғро иҷро мекунанд, идома медиҳанд. Ва онҳо мунтазири фурсатанд, то мақомоти қудратиро ба поймол кардани ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ айбдор кунанд, ҳарчанд дар асл худашон иғвогаранд.”
http://akhbor.com/-p7763-117.htm

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *