Сиёсат Хабарҳо

Суйистифода аз марги Хошуқчӣ дар ҳаномасозии наҳзатӣ

print
Аз марги рўзноманигори варзида Ҷамол Хошуқчӣ сўйистифода кардан ҳамакнун расми кори наҳзатиён шудааст. Расонаи ифротии наҳзатӣ матлабе таҳти номи «Шаҳид Хошуқчӣ ва таъхири амалиёт дар Бадахшон» интишор дода, ҳатто Хошуқчиро ҳам намегузоранд, ки дар он дунё осуда бошад. Акнун палидии мансабталошӣ ва иғвогариро дарёфтам, ки аз ҳар чиз ва падида, аз ҷумла аз марги инсон ҳам ба унвони аслиҳаи мубориза сўйистифода мешавад. Аз марги ин рўзноманигори араб ҳам, ки ғолибан зидди назарҳои наҳзатӣ будааст, наҳзат ҳангомасозӣ мекунад. Ба чанд нуктаи муҳим дар робита бо баҳси матлаб таваҷҷуҳ мекунем:

1.Аслан, марги рўзноманигори саудї Љамол Хошуќчиро бо њаводиси ахири Бадахшон рабт додан, танњо барои як гурўњ зарур аст ва он њам бошад, нањзатињо ва афроди ба он наздик. Ин бори чандум аст, ки ба ном коршиносони нањзатї дар берун аз кишвар ин ду њодисаи ба якдигар рабт надоштаро ба таври сунъї ба њам иртибот медињанд ва мекўшанд ба ин восита мардуми Бадахшонро алайњи давлат ва Њукумат бишўронанд. Њар маротибае, ки ин корашон барор нагирифт, аз нав дурўѓ мебофанд ва шоеаю овозањои њархела мепарокананд, то њар љуре шуда бар дигаргунии вазъ (албатта, ба манфиати худашон) тасаллут ёбанд. Бинобар ин,  матолибе, ки нањзатиён дар ин замина мунташир мекунанд, танњо ба дарди тими нањзатї мехўраду халос. Баъдан дахл кардан дар кори њукумати Арабистони Саудї  ва эроду нуктагирии фаъолияти командаи Бен Салмон ба манфиати гурўњњоест нањзатсифату нањзатмаоб.

2.Њамкорињо дар самтњои гуногун  миёни давлату кишварњо шарти асосии низоми давлатдорї дар дусад соли ахир мебошад ва Љумњурии Тољикистон бо Арабистони Саудї њам дар асоси ќонунмандии муносибот њамкорї менамоянд. Ин навъи њамкориро Тољикистон бо дигар кишвару давлатњо њам дунбол мекунад ва аз даруни муносиботи дуљонибаи сиёсию иќтисодї ва дипломатии Тољикистону Арабистон  чирк кофтан кори душманону бадбинонест мисли ТТЭ ЊНИ.  Реша дар ин љост, ки Арабистон ва Њукумати Бен Салмон бо ТТЭ ЊНИ њамкорї намекунад, вагарна дар як они воњид муносибати нањзат бо ин кишвари исломї таѓйир меёбад ва ба хушомаду пешомади рањбарияти Саудї мепардозад. Дар бораи тарњњои низомие, ки гўё тавассути сармояи Арабистони Саудї дар минтаќа  амалї мегарданд, њаминро бояд гуфт, ки чунин тарњи низомї њаргиз дар назар гирифта нашудааст ва самти њамкорињои ду давлат бар мабнои зуњуроти иќтисодию маданї устувор аст. Масъалаи дигар, ки онро дастак карда, коршиносони нањзатї алайњи Тољикистон истифода мебаранд, марзи мазњабї-идеологии ду кишвар аст. Бояд ёдовар шуд, ки на Тољикистон ва на Арабистон дар муддати њамкорї аз картаи мазњаб ва њувияти мазњабї дар муносибот истифода накардаанд ва сарњади муносиботи давлатњо сирф дипломатї ва манфиатњои иќтисодии дуљониба аст. Бинобар ин, Тољикистон ба чигунагии шакли давлатдории Саудї ва дар иваз, Саудї бар кайфияти давлатдории Тољикистон коре надоранд ва бањсњои исломият ва дунявият дар љараёни муносиботи дипломатї аслан, љой надоранд.

3.Аљибат дар матлаби коршиносони нањзатї он аст, ки амалиёти Бадахшонро онњо ба сармояи Саудї марбут медонанд ва гўиё барои танг кардани нуфузи Эрон дар минтаќа ва суйистифода аз Бадахшон саудињо мехоњанд алайњи режими љумњурии исломии шиї мубориза бубаранд. Аљабо, Саудї бо кишварњои пешрафтае мисли ИМА, Англия, Руссия ва амсоли инњо њамкорї мекунад ва агар бо Тољикистон дар заминањои иќтисодї њамкорї дошта бошад, чї айбест. Албатта, айб нест, аммо барои нањзат ва хољагони нањзатї, ки аз берун љараёни муносиботи дипломатии Тољикистонро бо давлатњои дигар назорат мекунанд ва аз нањваи муносибот барои худ ва муридонашон суд мељўянд, муносиботи дипломатии Тољикистону Саудї бар манфиати кор нест.  Ин аст, ки пойи Хошуќчиро њам васат мекашанд, то ки аз чунин навъи васвасаву даѓдаѓа дар муносибот мушкил эљод бикунанд.

4.Дигар ин ки дар Бадахшон фаъолияти гурўњњои љиноятї њанўз ќатъ нашудааст ва маќомоти зиддахли давлатї танњо бо гурўњњои љиної муќобилият мекунанд, то тартиботро дар минтаќа љорї намоянд. На Президенти кишвар ва на маќомоти ќудратї бо мардум даргир нашудаанд ва њарфи асосї ин љо бар сари нуфузи гурўњњои љиної бар ањолии шањри Хоруѓ ва дигар минтаќањои Бадахшон тамаркуз мекунад. Давлат њељ гоњ мардуми Бадахшонро ба шиї ва исмоилї будан айбдор накардааст ва давлати Тољикистон тибќи Конститутсия давлати дунявї ва њуќуќбунёд аст ва дар он гуногунаќидагї меъёри муносиботи иљтимої талаќќї мешавад. Ин нањзат аст, ки дар ибтидои солњои навадум бо таассубу хурофоти динї-мазњабї рўйи мардум тасаллут ёфта, сабабгори љанги шањрвандї шуд ва дањ-понздањ соли ахир њам «иќдомот»-и нањзатї (ин маротиба тањти рањбарї ва васояти Кабирї ва тими нави нањзатї) идома ёфта, маѓшушиятњои фикрї ва аќидатиро дар љомеа ба вуљуд овард. Шиї ва суннї, њамчунин масењию зардуштї ва будоию яњудї будани афроди љомеа кори шахсї ва инфиродии мардум мањсуб меёбад ва давлати Тољикистон њаргиз бар бартарии мазњабї даъват накарда ва намекунад. Ин нањзатмаобонанд, ки ба хотири бароварда сохтани ниёзњояшон гоњ аврупої мешаванду гоњ исломї ва њамин тур буќаламона зиндагї мекунанд. Мардуми Бадахшон медонанд, ки  нањзат чї ташкилаест ва барои бароварда сохтани кадом нияту ниёз даст ба кор шудааст ва кашидани пойи мардуми шарифи Бадахшон  ба тавтеаи навбатии нањзатї кори мардона нест. Эњтиёт бояд буд!

Фаридун Ориёї

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *