Хабарҳо

Он магасандешахо, он моли туст

print
Он магасандешахо, он моли туст
(дар посух ба матлаби ахири М. Садриддин)
Дар сомонаи нахзати матлаби яке аз фаъолони чинояткори ТТЭ ХНИ М.Садриддин тахти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор ёфт. Аз номгузории матлаби мазкур хувайдост, ки нависанда ба хамоишхои сиёсие, ки ба Точикистон марбутанд ва ба хотири тахкими равобити сиёсию байнидавлати созмон меёбанд, аслан хассосият дорад. Оид ба чанд нуктаи ба кавли Мавлоно, «магасандеша»-хои М. Садриддин ба таври ичмоли акидаи худро баён менамоем:

1.М. Садриддин, ки дар хорич аз кишвар ба сар мебарад, аз дидани манзараи хуби чараёни баргузории хамоиши Сарони кишвархои аъзои ИДМ дар пойтахти Чумхурии Точикистон ба хашм омада, нишасти рохбарони давлатхои мазкурро муѓризона «театри сиёси» номидааст. Албатта, Садриддинро фахмидан мумкин аст, зеро ки дар худуди чумхури хеч эътибор надорад ва касе ўро намешиносад, ба чуз ду-се нафар хешу акрабояш, ки дар доираи хурофоту таассуби мазхаби фикр мекунанд. Дар зимн, хамин ба истилохи Садриддин, «театри сиёси» тайи си соли ахир корхои зиёди сиёси, ичтимои, маънави ва фархангиро ба субут расонидааст. Гузашта аз ин, ташкили сатхи баланди мулокоти рахбарони ИДМ, сайругашти идона ва амсоли инхо баёнгари он аст, ки Чумхурии Точикистон аз мехмонон ва бахусус, мехмонони сиёси ва давлати дар сатхи баланд пазирои менамояд. Саммити сарони ИДМ ба сифати ниходи муассири сиёси дар бисёр масъалахо, минчумла мубориза ва муковимат бо терроризми байналхалки, амали намудани тарххои иктисоди, инфрасохтори харби, хамгироии сиёси, иктисоди ва мадани ба натичахои дилхох ноил гардидааст. Хамаи инро нодида гирифтан ва хеч шуморидан танхо нотавонбини ва ноинсофисту бас.
2.М. Садриддин аз сарвазири Арманистон чаноби Никол Пашинян таърифу тамчид мекунад. Албатта, хар яке аз рохбарияти ИДМ сазовори эхтиром аст ва рохбари ба як давлат кори сахлу осоне нест, чуноне ки М. Садриддин мешуморад. Фаъолияти фейсбукии Пашинян, ки Садриддин ба он часпида, тавсиф намудааст, кори маъмулист ва хар нафар аз рохбарияти дигар кишвархо хам аз васоити интернети истифода мебаранд ва сомонахои расми доранд, ки корашон интишори расмиёти давлатист. Бинобар ин, Пашинян аз сахифаи худ барои пахши иттилоот истифода мебарад, ки ин кори хуб аст, аммо онро ба унвони бартари дар сиёсат ва давлатдори муаррифи кардани М. Садриддин аз рўйи ѓараз ва кина мебошад. Бухлу кина ва нотавонбини инсон (дар мисоли М. Садриддин)-ро ба хар кори баду шанеъ рахнамун месозад ва рахи инсофу мухаббатро мебандад. Ин аст, ки М. Садриддин Рохбари кишвари худро хамчун душман шуморида, дар хар мавриде ўро на интикод, балки мазаммат мекунад, ки дар силсилаи муборизоти сиёси меъёр шуда наметавонад.
3. М. Садриддин, ки сахт хурофоти ва мазхабзада аст, ба риши Пашинян часпида, аз он як символи дини-мазхаби ва имони сохтааст, дар холе ки риши рахбари Арманистон чанбаи хунари-эстетики дорад ва ин навъи риш, ба ягон вачх, ба дин ва мазхаб иртибот надорад. Аммо Садриддин аз хар чиз ва падидае дину мазхаби худро мечўяд ва бо хушкандеши посух медихад. Ман сад дар сад бовар дорам, ки манзури Садриддин аз ин матлаб танхо риши Пашинян аст, ки дархўри мабохиси ин кабил хушкандешону мазхабзадагон мебошад. Чун харвакта М. Садриддин ба рохбарони ИДМ хучум мекунад ва онхоро дар мубориза алайхи дини мубини ислом мукассир медонад, дар холе ки ин рохбарон, дар баробари хадамоти дуняви ба ислом ва мусулмонони кишвархояшон аз Садриддинхо хазорон маротиба зиёдтар хидмат кардаанд. Барои М. Садриддин риш арзиш дорад ва гўиё хама чизро дар чахон хамин риш халлу фасл мекунад. Вокеан, риши М.Садриддин риши хурофоти ва мазхаби буда, ба кавли Мавлоно, бори гарони «магасандешахо»-ро мекашад ва зулмати афъоли мутаассибонест мисли М. Садриддин. Ва хамон ришест, ки Мавлоно дар «Маснави» онро мавриди тамасхур карор додааст:
Он магасандешахо он моли туст,
Риши ту он зулмати афъоли туст.
4.Маълум аст, ки Сарвари давлат кариб дар тамоми баромаду суханронихояшон, беш аз пеш, ба дини мубини ислом арч мегузоранд ва онро ба сифати падидаи бузурги маънави дар хаёти мардуми кишвар тарѓибу ташвик менамоянд. Расму русум ва анъаноти исломи ва мазхаби дар кишвар озодона доир мегарданд ва дар ичрои ибодоти дини-мазхаби тамоми сектаю равияхои дини озоданд. Аз ин бештар чи мехохед? Вале Садриддинхо зиёд чизхо мехоханд ва агар онхоро болои сарат хам барори, боз чилутар рафтан мехоханд. Чашми носери онхо аз хеч чиз сер намешавад ва онхоро, ба кавли шоир: «танхо хоки гўр сер мекунад».
5. М. Садриддин Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро мисол зада, Рохбари кишварро «душмани дехкон» муаррифи месозад. Ачабо, Сарвари давлат, ки фарзанди дехкон хастанд ва тамоми умр аз дехкон химоят кардаанд ва тайи фаъолияти рахбари хочагихои дехкони таъсис дода, заминро ба сохиби аслиаш – дехкон хадя намудаанд. Имрўз хочагихои дехкони дар Точикистон ба кишту кор машѓуланд ва фаъолияти озодонаи дехкон боиси он гардидааст, ки сабади истеъмоли афзоиш ёбад ва Точикистон ба кишвари озоди аграри бадал шавад. Бар илова, Сарвари давлат макомоти марбутаро муваззаф месозанд, ки тарзи озод ва шаффофи пардохтхоро вобаста ба хочагихои дехкони ба рох монанд, то ки дехкон зарар набинад. Аммо М. Садриддин, ки худ хамеша аз пули муллои ва муфтхўри рўз бурдааст, бесабаб аз дехкон пуштибони намекунад. Хатман ѓаразе дар ин навъи пуштибони ба назар мерасад. Хол он ки Садриддинхо бо амри маъруфи хушку холи ва бизнеси молу колои ватанию хоричи дехконро ѓорат кардаанд ва то имрўз аз пайи ѓорату торочи амволи дехкон машѓуланд. Инро дар урфи халки, «ѓарию пешхези» мегўянд. Бинобар ин, изхори назархои М. Садриддин аз пеши пояш чилутар намераванд ва танхо дар доирахои ба нахзат наздик вирди забон мегарданду халос.
6.Саммити сарони давлатхои муштаракулманофеъ паёми хубе дошт, ки он иборат аст аз хамгиройии амики сиёси, ичтимои, мафкурави, мадани дар шароити ташаннучи авзои сиёси ва геополитикии чахони буд. Дар шароити мураккаби муосири чахони шарики сиёсии бовариноки сиёси ва низоми доштан дар симои давлатхои аъзои ИДМ ба халли бетаъхири бисёр мушкилот ва масоили мухимми минтакави ва байнидавлати сабаб мегардад. Аз ин лихоз, паёми саммити сарони давлатхои муштаракулманофеъ, ки ба доирахои Садриддини намефорад, ба оромиши сиёси ва амнияти милли дар минтакахо заминаи мусоид фарохам меоварад.

Фаридун Ориёи

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *