Суханрониҳои раис

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИР ИСУФ БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

  Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода!

Муроҷиатномаи навбатии ман дар арафаи ҷашни муқаддасу пурифтихор – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Истиқлолият шарафу номус, неъмат, дастоварди беназири миллат ба ҳисоб рафта, ин рамзи асолату ҳувиятро 27 сол муқаддам халқи Тоҷикистон ба даст овард. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқи мо гардиши куллӣ ба вуҷуд омада, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба марҳалаи сифатан нави рушд қадами устувор гузошт.

         Дар ин давра шаҳри мо низ ҳамчун шаҳри саноативу кишоварзӣ тараққӣ карда, ба яке аз шаҳрҳои зебову пешрафтаи кишвар мубаддал гардид.

         Муҳтарам сокинони шаҳр!

Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як фарди бонангу номуси Ватан масъулияти баланди меҳанпарастиро тақозо намуда, моро водор месозад, ки дар ободӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳри азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем.  Зеро шаҳри Турсунзода ҳамчун дарвозаи ғарбии мамлакат арзёбӣ гардида, меҳмонон аз фарҳанги шаҳрдории мо Тоҷикистони азизро баҳогузорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар замири насли наврас фарҳанги баланди шаҳрдорӣ, муҳаббат ба Ватан, дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва қадри сулҳу оромиро тарбия намуда,  бо меҳнати софдилона диёри худро ба яке аз шаҳрҳои пешрафта табдил диҳем. Ҳамзамон, маърифати шаҳрдорӣ аз ҳар сокини шаҳр талаб менамояд, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани роҳу пайроҳа, гулгаштҳо ва боғу варзишгоҳҳо кӯшиш ба харҷ дода, бо масъулияти баланд қарзи имониву виҷдонии худро ба ҷо биёранд.

                 Ҳамдиёрони азиз!

         Соли равон мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода бо меҳнати софдилона ва азму иродаи созанда ба як қатор  дастовардҳо  ноил шуданд. Дар шаҳр корҳои ободонӣ, гулкориву хуррамгардонӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, танзими хатсайрҳои дохилӣ ва беруназшаҳрӣ амалӣ гардида, сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ идома доранд, ки  барои ин пайкори неку наҷиб ба соҳибкорони бонангу номус, фаъолон ва ҷавонмардони саховатманд изҳори сипоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзодаро  мерасонем.

         Кишоварзони шаҳр бо меҳнати содиқонаи худ дар парвариши зироатҳо ҷиҳати амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – амнияти озуқаворӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Деҳқонони асили шаҳр аз кишти асосӣ ҳосили фаровон бардошта, боварии комил дорам, ки аз кишти такрорӣ, ки 3200 гектарро ташкил медиҳад,  заҳмат кашида, ҳосили дилхоҳ ба даст  меоранд.

         Тағйирёбии иқлим ҳамаи моро водор месозад, ки хӯроки чорворо барои ду соли минбаъда захира ва зимистони имсоларо низ бе талафот паси сар намоем.          Дар баробари ин, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, алалхусус соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат ва кишоварзӣ бояд ба давраи тирамоҳу зимистон ҳамаҷониба омода бошанд.

         Имрузҳо бо мақсади идомаи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат бахшида ба истиқболи 30-солагии Истилолияти давлатӣ дар маркази шаҳр ва деҳот сохтмони 245 иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки танҳо бо азму иродаи қавӣ, саъю талоши пайгирона ва заҳмати бунёдкорона моро муяссар мегардад, ки иқдомоти пешгирифтаро сарбаландона ба сомон расонем.

Итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро содиқона дар амал татбиқ менамоянд ва ҷашнҳои милливу давлатӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо нерӯи созанда истиқбол мегиранд.

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Бо мақсади истиқболи арзанда сокинони шаҳри Турсунзодаро мебояд ба масъалаи бунёди корхонаву иншооти гуногуни иҷтимоӣ, роҳҳо, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар хотима бо изҳори қаноатмандӣ ва эътимод метавон гуфт, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ба анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ мушарраф хоҳанд гашт ва барои амалӣ гардидани ниятҳои нек ба  ҳамаи Шумо барори кор ва бурдбориҳо таманно менамоям.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *