Варзиш Иҷтимоиёт Хабарҳо

print

Ба ифтихори таҷлили 21-солагии Рӯзи Вахдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тағгоев Шокир майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз майдончаи футболи хурд, майдонҳои волейбол, баскетбол, бамбинтон ва бозиҳои шавқовари кӯдакона иборат буда, тибқи лоиҳа дар оянда ҳамчунин бунёди ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша ширифта шудааст.

Лентаи рамзии майдончаи варзиш аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва соҳибкор бурида шуд. Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор шуд, роҳбарияти шаҳр,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва фаъолон ширкат варзиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *