Аҳолӣ Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ВАҲДАТ – ИФОДАГАРИ ЯГОНАГӢ

print

Бисту як сол муқаддам бо талошҳои хастанопазир ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ба Ваҳдати миллӣ расидем. Яъне 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи бузурги таърихӣ дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.

Пешвои миллат дар Муроҷиатномаи худ баифтихори ин Созишнома чунин гуфта буданд: “Ҷиду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро аз худ дур андохта, морони заҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…”.

Боиси қайд аст, ки сулҳи Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Бо баракати сулҳу ваҳдат сохтмонҳои азим бунёд ва самтҳои мухталифи иқтисодиёт равнақ ёфтанд, ҳамкориҳои чандҷониба бо кишварҳои ҷаҳон мустаҳкам гардиданд. Воқеан Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо қатъият изҳор намуда буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”. Дар ҳақиқат ба ин қасамаш содиқ монданд… Дар ҳар хонаву оилаи мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат оварданд.

Имрӯз мо ба хизматҳои бепоёни Пешвои миллат сари таъзим фуруд меорему арзи сипос менамоем. Ҳазорҳо маротиб шукри Ватани соҳибистиқлол ва Пешвои миллат мекунем Албатта Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ комёбии бузургест, ки баъди истиқлолияти кишвар ба даст омад. Бузургони олам дар бораи сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон адешаҳои ҷолиби хешро дар саҳфаҳои таърих ифода намудаанд. Чунончӣ, собиқ роҳбари Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Жилбер гуфтааст: “Он чи халқи тоҷик хотима бахшидани ҷанги бародаркушро зарур дониста, ба истиқрори сулҳ дар ватани худ иқдом кард, комёбии асосию муҳиматарини Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият аст”.

Аз мо омӯзгорон ҳамеша тақозо ин аст, ки моҳияти ваҳдатро бештар ба шогирдон бифаҳмонем ва онҳо бояд дарк намоянд, ки ин неъмати бузург бо осонӣ ба даст наомадааст. Ба самъи онҳо бирасонем, ки се омили асосӣ – ҳавасмандии ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, тафоҳуми мухолифин ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст имконияти музокироти тоҷиконро ба вуҷуд овард.

Хушбахтона имрӯз зери парчами сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ побарҷо аст ва бедории шууру ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад.

Юлдош АҲМАДОВ,

Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *