Хабарҳо

КАДОМЕ МАНФИАТОВАР АСТ:  ДАВИДАН Ё РОҲ ГАШТАН?

print

    Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки роҳгардӣ фишори хунро ба эътидол медарорад, сатҳи қанднокиро кам карда, садди роҳи гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ ва диабети қанд мегардад. Маълумотҳои дақиқ чунин аст: давидан хатари ба фишори баланд гирифтор шуданро ба андозаи 4,2%, роҳ гаштан бошад 7,2% кам мекунад. Хатари ба бемории қанд гирифтор шуданро давидан 12,1% ва дар сурати муназзам ба роҳгардии варзишӣ машғул шудан ин хатарро 12,3 % кам мекунад.

   Тавре тадқиқотҳо нишон доданд, муҳим на он аст, ки шумо чанд километр медавед, балки суръати давидан нақши асосиро мебозад. Агар шумо бисёр ҳам банд бошед ва вақтатон кам бошад, аз нишастан дида давидан манфиатовар аст. Агар вақти холии шумо басанда бошад, пас ба роҳгардии варзишӣ машғул шавед, манфиати он бештар мебошад.

  Бори дигар хотиррасон мекунем, ки сухан дар хусуси роҳгардии варзишӣ меравад, на роҳгардии маъмулӣ дар гулгаштҳо ё атрофи биноҳои истиқоматиатон, ҳарчанд роҳгардӣ ҳам фоидабахш аст.

   Хулоса, кайҳо маълум аст ва тасдиқ ҳам шудааст: фаъолнокии ҷисмонӣ воситаи самараноктарини пешгирӣ кардани аксарияти бемориҳост. Роҳгардии варзишӣ бошад воситаи беҳтарин барои мустаҳкам шудани саломатист ва ба он на камтар аз ду соат дар як ҳафта машғул шавед.

Таҳияи А.КУҲЗОД.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *