Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг Хабарҳо

ЭЪЛОН- ОЗМУН!!!

print
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ТОЗАГИИ МАНБАЪҲОИ ОБӢ – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ» озмуни ҷумҳуриявиро миёни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон менамояд.

Озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4,5-8, дар 6 номинатсия- расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, кори меъмории беҳтарин ва барои синфҳои 9-11 дар 3 номинатсия-кори таҳқиқотии беҳтарин, видеофилми беҳтарин ва видеоролики беҳтарин  гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон то санаи 23 майи соли равон  маводҳои омодакардаи худро ба Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода пешниҳод намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ ба телефони (83130) 2-48-60 ва ё телефони мобилии (+992) 933-24-25-34 муроҷиат намоед.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *