Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

print

Барои насли навраси деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Наврӯзи имсола хотирмон оғоз гардид.

Зеро дар арафаи ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ дар МТМУ №92 деҳа бо ибтикори соҳибкорон ва саховатмандони маҳаллӣ толори варзишӣ бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба ин муносибат дар муассисаи таълимӣ маҷлиси ботантана баргузор шуда, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода ва кишоварзони асил Камол Мадумаров ва Неъмат Усмонов лентаи рамзӣ бурида, толор ба насли ҷавон   тақдим гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *