Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат Хабарҳо

print

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, санаи 9 феврали соли 2018  нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода Парваиз Акрам  иштироки муовинонии соҳавӣ, роҳбарони корхонаҳо,  ташкилоту идора ва раисони ҷамоатҳои  баргузор гардид.  

  Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ  Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони васоити ахбори омма аз телевизиони «Тоҷикистон», «Сафина», «Тв Регар», радиои «Тоҷикистон», «Садои Осиё», АМИТ «Ховар», рӯзномаю ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Азия Плюс»,   «Халқ овози», «Диёри Турсунзода», «Ҳидоят», «Алюминийи Тоҷик» маҷаллаҳои «Нури маърифат», «Тибби Буалӣ» ширкат варзиданд.

Нишасти матбуотӣ бо тамошои филми ҳуҷҷатӣ оид ба дастовардҳои соли сипаригардида  оғоз гардида, сипас муовини аввали раиси шаҳр  Парвиз Акрамзода,  муовинони раиси шаҳр  Ғафурҷон  Собирзода,  Солеҳа Холова ва Ҳамдам  Долизода  тариқи слайд ва фотолавҳа доир ба соҳаҳои саноат, иқтисодиёт,  рушди  иҷтимоӣ  ва соҳаи кишоварзӣ  маълумоти муфассал   манзур намуданд, ки аз ҷониби хабарнигорон  баргузории чунин нишасти матбуотӣ дар сатҳу сифати нав хуш пазируфта шуд.Ҳамзамон миёни хабарнигорон ва роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вобаста ба масоили умдаи рўз мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб  сурат гирифт.   Таваҷҷуҳи хабарнигорон бештар ба масъалаҳои иҷрои нақшаи андоз ва буҷет, истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунапнда ва ба содирот нигаронидашуда,  кишти пумбадона, тадбирҷўӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи самараноки замин ва дигар масоили марбут ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳр  равона шуд.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *