Нуқтаи назар Таҷлил Фарҳанг

ҶАНБАИ ФАННИИ САДА

print

Сада ҷашни қадимаи форсизабонон аст, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Сада ном гирифтанаш ба адади сад марбут мебошад, зеро Садаро панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд. Аз баски порсиёни қадим шаб ва рӯзҳоро алоҳида ҳисоб мекарданд, дар маҷмуъ то Наврӯз сад шабонарӯзро ташкил медод. Оиди сабаби ҷашни Сада, ё ки ба кадом муносибат ҷашн гирифтани он ривоятҳо гу­ногунанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст:»

Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳон чун биҷаст,

Баромад ба санги гарон санги хирад,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хӯрд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Яъне, пайдо шудани оташ ва рӯшноӣ, ки манбаи зару­рии ҳаёт дар Замин аст, му­вофиқи ин ривоят ба Ҳушанг нисбат дода мешавад:

«Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе буд чун ӯ дигар шаҳриёр».

Ривояте дигар оиди ҷашни Сада ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок аст. Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» (овардааст) дар боби «Идҳо ва рӯзгори гуруҳон» сабаби ҷашни Садаро ба Фаридун нисбат медиҳад. Мувофиқи ривоят Армоил – вазири собиқи Заҳҳок аз ду ҷавоне, ки мебоист кушта мешуданд ва мағзи сари онҳо давои реши морони Заҳҳок буд, якеро озод мекарду ба сӯи кӯҳи Дамованд мефиристонд. Чун Заҳҳок кушта шуд, Армаил шахсеро фиристонд ба назди мардуми наҷотёфта ва дастур дод, то дар болои бомҳо гулхан афрӯзанд. Онҳо ба назари Фаридун хеле зиёд намудор шуданд ва аз он манзара Фаридун шод шуд ва фармуд, ки ҷашне ба ин муносибат барпо кунанд. Тибқи ривояти сеюм дар ин рӯз фарзанди садуми Одам таваллуд шудааст ва онро ном Каюмарс будааст.

Рӯзи таҷлили Сада ба 10- уми Баҳман солшумории форсӣ (Яздигурдӣ) рост ома­дааст. Пас, агар ин рӯз 50 рӯз пеш аз Наврӯз, яъне 21-22 март бошад, он гоҳ 10-уми Баҳман тақрибан ба 29-30- юми январ рост меояд. Хуб, Баҳманмоҳ чӣ гуна моҳ аст? Форсизабонон тақвим ва солшумории хоси худро до­штанд. Номҳои моҳҳои форсиён хушоянд ва гӯшнавоз ҳам ҳаст. Дар поён номи ин моҳҳо ва мувофиқати онҳоро ба моҳҳои солшумории ме­лодӣ нишон медиҳем:

  1. Фарвардинмоҳ
  2. Урдубиҳишт
  3. Хурдодмоҳ
  4. Тирамоҳ
  5. Мирдодмоҳ
  6. Шаҳривармоҳ
  7. Меҳрмоҳ
  8. Обонмоҳ
  9. Озармоҳ
  10. Даймоҳ
  11. Баҳманмоҳ
  12. Исфандормузмоҳ

21-22 март то 20 апрел

21-22 апрел то 20 май

20-21 июн то 20-21 июл

21-22 июл то 21-22 август

21-22 август то 20-21 сентябр

20-21 сентябр то 20-21 ок­тябр

20-21 октябр то 20-21 ноябр

20-21 ноябр то 20-21 декабр

20-21 декабр то 20-21 январ

20-21 январ то 21-22 феврал

21-22 феврал то 21-22 март

Ин мувофиқати тақрибии рӯзҳо ва моҳҳои Яздигурдӣ ва мелодӣ аст. Дар асл ҳама рӯзҳои моҳҳои Яздигурдӣ аз 30 иборат аст. Ба ин тартиб як сол ба 360 рӯз баробар мешавад ва то Наврӯз, 5 рӯзи дигар илова мекунанд. Яъне Исфандормузмоҳ 35 рӯза мешавад. Ҷанбаи фалсафии Садаро ҳамчун некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот (торикӣ), шодиву тараб бар ғаму андуҳ ва сулҳу осоиш ба ҷангу харобӣ маънидод кардан мумкин аст.

Аммо пайдо кардани оташи рӯшноӣ, ки меҳвари асосии Сада дар он аст, ҷанбаи физикӣ дорад. Дар физика «Қонуни бақои энергия» яке аз қонунҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо ҳамин қонун аз як намуд ба намуди дигар табдил ёфтани энер­гия исбот мешавад. Мисол, энергияи электрикиро тавассути мошину олоти гуногун ба энергияи рӯшноӣ, гармӣ ва ҳаракати механикӣ табдил медиҳанд. Ва баръакас энергияи механикии оби ҷорӣ, бод, авҷи баҳрро ба энергияи электрикӣ табдил медиҳанд. Ҳосил кардани ҳароратҳои баланд, ки боиси пайдо шудани рӯшноӣ мешавад, ин бо қонуни баҳои энергия ва табдили он шарҳ дода мешавад.

Масалан метеорид ба фазои Замин бо суръати ниҳоят калон (тақрибан даҳҳо км/с) ворид шуда, бо қабати ғафси гази атмосфера соиш мехӯрад ва энергияи кинетикии он ба энергияи потенсиаливу энергияи дохилӣ (ҳарорат) табдил меёбад. Дар натиҷа ба Замин норасида дар баландиҳои 120-60 км сӯхта нобуд мешавад. Баъзан метеоридҳои калонҳаҷм то ба Замин дар шакли сангпораҳои дурахшон меафтанд. Дар аснои ба Замин наздик шудан дар баландии тақрибан 50-60 км кураи оташине бо рӯшноии чашмхиракукнанда пайдо мешавад, сипас бо садои ғулғуланок ва дуду чангу ғубори азим ба Замин меафтад.

Хулас, месазад Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт. Ҷашни Сада ба рӯзҳое мувофиқ меояд, ки одамон бештар ба гармиву рӯшноӣ ниёз доранд, ба қавли мардумӣ дар «чиллаи хурд». Аз ин рӯ саҳми кормандони соҳаи энергетика дар ин ҷашн назаррас бояд бошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *