Нуқтаи назар

Шароф РАШИДОВ: ХУШ ОМАДЕД, ҶАЛОЛ ИКРОМӢ!

print

Мансур СУРУШ, нависанда.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Акрам ИКРОМӢ.

 Бо писари нависандаи намоёни тоҷик Ҷалол Икромӣ, олими кимёгар Ҷонон Икромӣ дӯсти қарин будам. Ҳангоми суҳбати байниҳамдигарӣ, ӯ дар бораи ҳаёти падари бузургвораш аҷоиб воқеаҳои ибратбахшро бо завқ ҳикоя мекард. Ҳоло нахустин ҳикояашро ба шумо гуфтаниям.

– Падарам фавқулодда сермаҳсул буд, – рӯзе ба сухан оғоз намуд акаи Ҷонон. – Яке аз сабабҳои асосии ин шояд хотираи нодири вай ва соҳиби қобилияти бойи тасаввурот, аз ҳад зиёд донишманд ва ҳамвора навиштанаш буд. Дер боз ӯ ба қоидае риоя мекард: хоҳ дар хона, хоҳ ҳангоми сафар дар меҳмонхона, қатора ва истироҳат дар осоишгоҳ ҳам дар аввал бо навишти графикаи араб, баъдан бо навишти кириллӣ бист саҳифаро пур  мекард. Барои вайрон кардани ин одат ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекард.

Падарам баъди синнаш ба бузургӣ расидан дар саросари  ҷумҳурӣ ва берун аз он сафар мекард, ман ҳамеша ҳамроҳаш будам. Як рӯзи баҳорон мо сӯйи ватани кӯчаки падарам – Бухоро раҳсипор шудем. Аз фурудгоҳи вилоят таксисавор ба ҷониби шаҳр роҳ пеш гирифтем. Дар нимароҳ падарам аз ронандаи таксӣ хоҳиш намуд, ки нақлиётро боздорад. Бо мақсади хуни раги пойҳояшро давондан. Ман ҳам ҳамроҳи падарам аз таксӣ берун шудам.

Дар канори роҳ ин сӯву он сӯ давидем. Ин асно дар роҳ автомошинаи БДА пайдо шуд. Аз қафои он ду автомошинаи «Волга» бо суръати тез ҳаракат мекард. Ғайричашмдошт, яке аз ронандагон нақлиёташро сахт нигоҳ дошт. Аз он шахсе, ки дар сар шляпа дошту қоматбаланду босалобат буд, берун шуд. Сӯйи мо қадам зад. Аз пасаш ҳамроҳонаш.

Ман дарҳол ӯро шинохтам: Котиби якуми Ҳизби коммунисти ӯзбекистон, номзад ба аъзогии Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ ва нависанда Шароф Рашидов. Ман романҳои ин эҷодкор – «Аз бӯрон зӯртар» ва «Мавҷи пурқудрат», қиссаи «Суруди Кашмир» ва маҷмӯаи шеъри «Қаҳрам», ки баъди аз майдони ҷанг баргаштан иншо намуда буд, мутолиа карда будам.

Падарам ӯро дарҳол шинохт ва ба истиқболаш шитофт. Онҳо хурсандии аз ин мулоқоти ғайричашмдошт  гирифтаашонро пинҳон карда натавониста, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.

– Хуш омадед, Ҷалол Икромӣ, – гуфт бо забони ӯзбекӣ Шароф Рашидов. – Аз афташ зодгоҳи азизатонро ёд кардаед.

– Дуруст, – бо забони тоҷикӣ посух дод падарам. Шароф Рашидов ба мисли самарқандиҳо ин забонро хуб медонист.

– Ҳар сол, ақаллан як бор ба зодгоҳам меоям, дил мекашад. Дар хиёбонҳое, ки бачагиам гузаштааст сайр намуда, хешу пайвандонро суроғ мекунам. Баъд ба бозор ворид шуда, қаймоқи болаззат ва нони равғанини Бухороро гирифта, қалбамро  таскин медиҳам.

– Ҳамин тавр кардан лозим, – гуфт сарвари ӯзбекистони ҳамсоя ва илова намуд: – Шуморо танҳо дар Тоҷикистон не, дар ӯзбекистон низ хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд… Ҳоло мо ба ҷамъомаде мешитобем. Шумо ба хона рафта, кӯфти роҳро бароред, истироҳат кунед.

Падарам табассумкунон бо забони ӯзбекӣ посух дод:

– Дар ин ҷо хона надорам, барои касеро ба ташвиш наандохтан ҳар бор меҳмонхонаро ҷойи зист  қарор медиҳам. Ҳангоми сукути шаҳр ва лаҳзаҳои бедориам аз пайи кори эҷодӣ мешавам: дар ин синну сол чизи дигаре буданаш мумкин не, ҳар як рӯз ғанимат.

Баъде, ки дар қиёфаи Шароф Рашидов нишонаи ҳайрат пайдо шуд, ба роҳбари вилоят гилаомез рӯ овард:

– Барои Ҷалол Икромӣ, ки муаллифи «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» барин асарҳои аҷиб мебошад ва ин асарҳо фарогири таърихи шаҳри шумоянд, наход дар инҷо сарпаноҳ набошад?!

– Ин айби мост, – ҷавоб дод роҳбари вилоят бо хиҷолат, – Албатта, ислоҳ мекунем, Шароф Рашидович.

Баъд-он Шароф Рашидов ва ҳамроҳони ӯ сафарашонро идома бахшиданд. Мо бошем, ба ҷониби интихобнамудаамон роҳ пеш гирифтем.

Баъди ду рӯз падарамро ба маркази вилоят даъват карданд. Тариқи тантана аз бинои нав ба истифода додашуда, калиди хонаи сеҳуҷрагиро супориданд.

Аз ин туҳфаи ғайричашмдошт хурсандии падарам канор надошт. Ман аз падарам хоҳиш намудам, ки дарҳол ба манзили нав бираванд. Аммо падарам бо нармӣ:

– Аввал ҳамон ду коғази нави нотамомро навишта, ба итмом расониданам лозим. Ин меъёр, – гӯён дастонашро бар ду тараф паҳн кард… Мо ба меҳмонхона баргаштем.

Падарам бо интизоми оҳанин ва ҳамчун дар эҷод шуҷоатманд то охири умраш боқӣ монд. Меҳнатдӯстиву матонати ӯ барои ман намуна гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *