Хабарҳо

Пояи 70-метраи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода

print

То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.

Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

«Дар нақшаи нави генералӣ аз қаламрави шаҳр баровардани бозори марказӣ ва ба ҷойи он сохтани боғи муосири фарҳангу истироҳати ба номи Мирзо Турсунзода дар назар буда, дар он ҳамчунин поя бо Парчами давлатӣ бо баландии 70 метр ва нишон бо масоҳати 35 метр бунёд мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *