Нуқтаи назар

МАҒОЗАВУ БОЗОР ҶОЙИ МАҲСУЛОТИ БЕСИФАТ НЕСТ!

print

Мо моҳҳову солҳо аз мағозаву бозорҳои шаҳрамон маҳсулоти пастсифат низ харидорӣ намудем. Ба қавли мардум, аз ночорӣ. Маҳсулоти бесифати истеъмолие, ки бо айби ходимони гумрук, умуман мақомоти ваколатдор аз хориҷ ба кишварамон ворид шудаанд, ба мисли гӯшти мурғ. Мухтасар гӯем, аз ҷониби баъзе соҳибкорону тоҷирон ба ҳар роҳу васила маҳсулоти пастсифат бисёре аз рафҳои бозору мағозаҳоро “оро” медоданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пеш-вои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке масъалаҳои муҳим-таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии аҳолӣ аст, изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин таъкид  доштанд, ки: “Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис- тон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд”.

 Изҳори нигаронии Пешвои миллат масъулину воситаҳои ахбори оммаро ба “ҷунбиш” овард. Барои ошкор намудани маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо рейдҳо гузарониданд. Маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифодаашон гузашта мавриди танқиди кормандони ВАО қарор гирифтанд. Ва мушоҳидаҳо собит сохтанд, бо кӯшиши шахсони масъул каме бошад ҳам, воридоти маҳсулоти босифат, алалхусус маҳсулоти гӯштӣ, ба мушоҳида расид. Аммо дар ин самт масъулинро лозим аст, ки назоратро қатъӣ намуда, ба фаровонии маҳсулоти босифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сидқан бикӯшанд.

Воқеан мо нисбати маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ норозигӣ баён мекунем. Дар асл бошад, ҳангоми харидории маҳсулоти бесифату муҳлати истифодаашон гузашта бепарвоӣ зоҳир менамоем. Аз фурӯшанда на сертификати маҳсулотро пурсон мешавему на ба таърихи истеҳсоли маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир менаоем. Дар хусуси бадсифатии маҳсулоти ин ё он дӯкон, (бозор низ) ба идораҳои дахлдор хабар намедиҳем. Фақат дар кӯча мегӯем: маҳсулоти бесифат ҳастанд дар мағозаву бозор?! Ба ин кӣ гунаҳкор?! Тоҷирону соҳибкорон ва масъулону ваколатдорон! Наход онҳо ба воридшавии маҳсулоти пастсифати мулки ғайр ба бозору мағозаҳоямон бемасъулият бошанд?! Ақаллан биандешанд, ки маҳсулоти пастсифату муҳлати истифодаашон гузашта истеъмолгаронро ба бисёр бемориҳо гирифтор карданашон мумкин. Бале, мумкин! Аз ин хотир, аз маҳсулоти пастсифат ҳазар бояд кард. Мағозаву бозор ҷойи маҳсулоти босифат бояд бошад!..

А.ИКРОМӣ,

рӯзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *