Нуқтаи назар

ИНСОНДӮСТӢ, ҲАМДИГАРФАҲМӢ ДОНИШАНДӮЗӢ

print

Тавре ки ҳамаи мову шумо огоҳӣ дорем, пойдорӣ, амнияту осоиштагӣ, файзу баракат ва бақову обрӯи ҷовидонаи ҳар як халқу миллат дар инсондустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифз намудани маданияту маърифат ва ёд кардани гузаштагони бузурги миллати хеш мебошад.

 Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушд ёфт. Робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархурдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ афзуд. Инчунин мардуми моро барои ташаккули дурусти худшиносии динӣ истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фиқҳӣ ва каломии Имоми Аъзам метавонад намунаи равшани муколамаи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад.

Мардуми кишвар ба дини мубини ислом ҳамчун як сарчашмаи поку беолоиши маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони бузурги миллати мо дар ривоҷу густариш ва рушду нумӯи дини ислом ва арзишҳои исломӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Умуман метавон гуфт, ки ислом имрӯз яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. 

Дар ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият натанҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ дида мешавад.

Пайғамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон дӯст медоред, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, муъмин нестед».

Дар ин ҳадис Пайғамбар (с) инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дӯстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд…

Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ӯро барорад, Худованд мададгори ӯ мебошад». Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кӯшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусулмон бояд ҳамчун шахси инсонпарвар ба дӯстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллаташон ба ягонагию ваҳдат даъват намояд. Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он озодӣ, дӯстӣ, баробарии умум ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад.

Роҳи ягонаи барпо намудани чунин ҷамъият кӯшидан дар илму дониш ва такмили маърифатнокии одамон мебошад. Мутафаккири бузург – Ибни Сино ҳамеша тарафдори дӯстии байни одамон ва халқҳо буд. ӯ фақат дар дӯстии халқҳо қувваи бузург, пешрафти ҷамъият, таҳкурсии бахти одамонро медид. Ибни Сино ба дӯстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардум- ро ба сулҳу осоиш, дар ғаму андӯҳ ва шодию сурури ҳамдигар ҳамроҳ будани онҳоро таъкид кардааст. Осудагӣ ва фаровонӣ орзуи ин олими бузург буд.

Мавқеи ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, шиносонидани назари воқеии ислом, хусусан мазҳаби Абӯҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи ин дин бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.

Дини мубини ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон-мусулмон ва ғайримусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд. Ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз побанди ҳавою ҳавас нашудан ва оқилона дар он тадбир андешидан, амр менамояд.

Барои ҳар яки мову шумо зарур аст, ки рӯҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии миллат, бартараф намудани ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида, фиқҳи исломӣ ва ғайра тамоми неруи ахлоқӣ ва ақлонии худро равона созем.

Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кӯмаки якдигар бошанд, зеро ҳама нисбат ба ҳам ба манзалаи аъзои як хонавода ҳастанд.

Дар ҳақиқат илму дониш сифате аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дӯст медорад. Дини мубини ислом ба масъалаи илму дониш ва донишомӯзӣ таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.

Аз ин рӯ, умед мекунем, ки ҷавонони миллати мо дар роҳи илму дониш собитқадам бошанд.

Наргис Ибодуллозода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *